Маҳсулоти чарм ва пойафзори Ӯзбекистон: роҳи нав ба Ҳиндустон

    Тиҷорат 28 Aprel 2022 1499

    Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ «INNOPROM. Осиёи Миёна» барои намояндагони саноати чарму пойафзори мамлакати мо барои гуфтушунид ва бастани шартномахои нави содирот минбари муфид гардид.

    Дар доираи ин чорабинӣ мулоқоти роҳбарияти Ассотсиатсияи “Ӯзчармсаноат” ва намояндагони ширкати ҳиндии "Solar Trans" баргузор гардид. Мавзӯи гуфтушунидҳо ташкили содироти маҳсулоти чарму пойафзори ватанӣ ба Ҳиндустон, аз ҷумла чарми нимтайёри (WET-BLUE) мебошад.

    Зимни вохӯрӣ соҳибкорони ҳиндӣ қайд намуданд, ки иқтидори Ӯзбекистон дар саноати чарму пойафзор сол аз сол меафзояд ва имрӯз сифати маҳсулот таҳти бренди миллӣ ба зинаи нав баромад. Ширкат аз Ҳиндустон хонаи савдо мебошад, ки на танҳо барои эҳтиёҷоти худи мамлакат, балки ба бозори Россия ашёи хом ва маҳсулоти тайёр медиҳад. Меҳмонон бо ташаббуси хариди пӯсти коркарди аввалияи гӯсфанд (WET-BLUE) аз Ӯзбакистон ба Ҳиндустон баромаданд.

    Ассотсиатсияи «Узчармсаноат» омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт бо шарикони Ҳиндустон изҳор намуд. Карор дода шуд, ки барои гуфтушунид бо фирмахои махаллии мо плани конкретии чорабинихо тартиб дода шавад. Маҳсулоти чарми дар Ӯзбекистон истеҳсолшуда ба зудӣ ба Ҳиндустон меравад.

    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates