Ширкати "Google"  вазифаи аз чашмони бегона муҳофизат карданро таҳия мекунад

    Корбарони дастгоҳҳое, ки бо Chrome OS кор мекунанд, огоҳӣ мегиранд, ки касе ба экранҳои онҳо пинҳонӣ касе нигоҳ мекунад. Ихтирои "Google" имкони муайян намудани онро фароҳам меорад, ки оё дар майдони назари камераи компютерӣ ягон шахс қарор дорад.

    Агар сенсорҳо ҳузури касеро муайян кунанд, онҳо соҳиби дастгоҳро огоҳ мекунанд ё ба таври худкор экранро тира мекунанд, менависад "Infosmi.net"

    Масалан, агар камера зиёда аз як нафарро дар назди монитор мушоҳида кунад, системаи оператсионӣ метавонад огоҳиномаҳоро дар бораи мукотибаи шахсӣ пинҳон кунад.

    Ба гуфтаи таҳиягарон, ин технология "махфияти зеҳнӣ"-ро таъмин хоҳад кард. Дар ин ҳолат, худи корбар метавонад танзим кунад, ки система чӣ гуна иттилоотро муҳофизат мекунад.

    Ҳоло мутахассисони ширкат рӯи сенсорҳои ҳузури инсон ва системаи амният кор мекунанд ва аллакай дар соли 2022 корбарони Chrome OS метавонанд аз технологияи нав истифода баранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates