Ширкати Илон Маск бори аввал дар майнаи инсон чип ҷойгир кард

    Илм 30 Yanvar 2024 1501

    Ширкати Neuralink-и соҳибкори амрикоӣ Илон Маск аввалин имплантатро дар майнаи инсон унс гиронд. Дар ин бора тоҷир рӯзи душанбеи 29 январ дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.

    "Нахустин шахс дирӯз имплантанти Neuralink гирифт, барқароршавӣ (пас аз ҷарроҳӣ) хуб идома дорад" навиштааст Маск дар X (собиқ Twitter).

    Қайд карда мешавад, ки тибқи маълумоти аввал, натиҷаҳои кори дастгоҳ умедбахш ба назар мерасад, хабар медиҳад ТАСС.

    Соҳибкор афзуд, ки аввалин маҳсулоти Neuralink Telepathy ном дорад. Он ба шахс имкон медиҳад, ки телефон ва компютерро бо қудрати фикр идора кунад.

    Neuralink имплантатии мағзи сарро таҳия мекунад, то ба одамони фалаҷ дар барқарор кардани ҳаракат ва табобати дигар бемориҳои асаб кумак расонад. Чип инчунин барои он пешбинӣ шудааст, ки техникаро бе кумаки даст идора кардан мумкин аст.

    "Аввалин корбарон одамоне хоҳанд буд, ки назорати узвҳои худро аз даст додаанд" - гуфт Маск.

    Таҷҳизот як капсулаи қабулкунандаро мемонад, ки дар паси гӯш ба мисли дастгоҳи шунавоӣ васл карда мешавад ва аз он электродҳои риштамонанд ба майна мераванд. Ҳамагӣ ба майна то 1,5 ҳазор электрод гузошта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо аз мӯи инсон чор маротиба бориктар аст. Як протсессори андозааш 4x4 мм маълумотро аз 10 ҳазор электрод коркард мекунад. Сими USB-C интиқоли ҳадди аксари маълумотро таъмин мекунад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates