Дар Конго то ҳол ягон ваксинае мавҷуд набуд, ки барои кӯдакон, ки ба ин беморӣ махсусан осебпазиранд, истифода шавад.
Дар моҳи сентябр Ҷопон омодагии худро барои пешниҳоди ваксинаи LC16m8 аз захираҳои миллӣ эълон карда буд. Ин ваксина, ки аз ҷониби ширкати KM Biologics таҳия шудааст, самаранокии худро дар муқобили обилаи маймун нишон дод. Бо вуҷуди ин, интиқоли ваксина ба сабаби масъалаҳои ҳуқуқӣ ба таъхир афтод.
Дар айни замон ҳамаи монеаҳо бартараф шудаанд ва ҳафтаи оянда ваксинаи ҷопонӣ ба Конго ворид мешавад. Ин хабарро Жан Касейя, директори генералии Маркази африқоии назорат ва пешгирии бемориҳо (Africa CDC) бо рӯзноманигорон дар миён гузошт.
Гирифтани ваксина як чораи навбатӣ барои маҳдуд кардани паҳншавии ин беморӣ мебошад, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ онро ҳамчун вазъи фавқулодаи тандурустии ҷамъиятӣ эълон кардааст.
Мувофиқи маълумоти охирини Africa CDC, зиёда аз 44% аз 10 533 ҳолати тасдиқшудаи обилаи маймун дар Конго дар кӯдакони синни то 15 сола сабт шудааст.
Ваксинаи LC16m8, ки бо сӯзанчаи бифуркатсионӣ (15 бор сӯзан задан) ворид карда мешавад, ба кӯдакони то панҷсолал дода мешавад, қайд кард Касейя.