Директори МТП Шаҳло Турдиқулова: "Вояи бустерии ZF-UZ-VAC2001 100 фоиз аз "омикрон" муҳофизат мекунад

    Тандурустӣ 10 Yanvar 2022 2020

    7 январи соли равон штамми "омикрон" дар лабораторияи Маркази технологияҳои пешрафтаи (МТП) Вазорати рушди инноватсионӣ муайян карда шуд.

    Дар як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Дубай ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон омада буд, штамми нави коронавируси «омикрон» пайдо шуд. Дар маҷлиси Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ ин факт, инчунин чораҳои муборизаи зидди паҳншавии "омикрон" муҳокима шуданд.

    Воқеъаро муовини вазири рушди инноватсионӣ Шаҳло Турдиқулова шарҳ дода, қайд кард:

    «Бо дарназардошти паҳншавии босуръати "омикрон" дар саросари ҷаҳон, пайдоиши он дар Ӯзбекистон масъалаи вақт буд. Хабари хуш ин аст, ки ваксинаи ӯзбекистониву чинӣ, ки дар кишвари мо маъмултарин аст, дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоте, ки бар зидди штамми нав гузаронида шудааст, натиҷаҳои аъло нишон медиҳад. Ҳамчун роҳбари Маркази технологияҳои пешрафта, ки дар озмоишҳои ZF-UZ-VAC2001 ва омӯзиши мутатсияҳои вирусӣ фаъолона иштирок мекунад, ман гуфта метавонам, ки вояи бустерии дору аз "омикрон" тақрибан 100 фоиз муҳофизат мекунад. Инро ҳамкасбони мо аз Чин низ тасдиқ мекунанд”.

    Дар ҷамъомади Комиссияи махсус ҳамчунин масъалаи тезонидани суръати эмгузаронии аҳолӣ, аз ҷумла бо дозаҳои бустерии ZF-UZ-VAC2001 баррасӣ шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates