Дар Нидерландия навъи нави вируси блутанг пайдо шудааст

    Ҳолатҳои нахустин сироятёбӣ ба навъи нави вируси блутанг, ки ваксинаҳои зидди он вуҷуд надорад, дар Нидерланд ба қайд гирифта шудааст.

    Дар ин бора NU.nl рӯзи сешанбеи 15 октябр хабар дод.

    Гуфта мешавад, ки ин вирус дар гӯсфанд ва ҳамчунин дар як гов ва гӯсолаи он дар ду хоҷагии мухталифи вилояти Утрехти Ҳолланд пайдо шудааст.

    "Ҳоло ваксинае барои ин варианти вирус вуҷуд надорад, ки қаблан дар Нидерландия пайдо нашуда буд, аммо дар кишварҳои дигари берун аз Аврупо маъмул аст" менигорад нашрия.

    Вируси блутанг бемории сироятии хусусияти вирусӣ мебошад, ки онро аз ҷумла бо ранги кабуди забон шинохтан мумкин аст. Танҳо ҳайвоноти кавшакунанда хассосанд, бинобар ин асосан чорвои калони шохдор, гусфанд ва буз гирифтор мешаванд. Он тавассути нешзании намудҳои муайяни миджҳо мегузарад.

    Барои одамон хатари сирояти вирус вуҷуд надорад. Гӯшту шири ҳайвоноти беморро бидуни маҳдудият истеъмол кардан мумкин аст. Маҳсулоти дигари аз онҳо тайёршуда низ барои одамон безарар ва барои истеъмол мувофиқанд, хабар медиҳад korrespondent.net.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates