Олимони Ӯзбекистон барои пешгирии коронавирус шир офариданд

    Тандурустӣ 22 Fevral 2022 2230

    Олимон аз Вазорати рушди инноватсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавонистанд бо антитело ба SARS-CoV-2 тавассути эм кардани говҳо ва бузҳо бар зидди коронавирус шир ба даст оранд. Муҳаққиқон умедворанд, ки нӯшидани чунин шир ақаллан қисман аҳолиро аз COVID-19 муҳофизат мекунад.

    Онҳо дар бораи коркард муфассалтар дар мақолаи то ҳол баррасинашуда эълон менамоянд, ки дар хидмати чопи пешакии bioRxiv ҷойгир карда шудааст, менависад «Газета.ru».

    Муҳаққиқон пай бурданд, ки дар шири синаи заноне, ки аз COVID-19 эм карда шудаанд ё шифо ёфтаанд, антитело ба SARS-CoV-2 вуҷуд доранд ва пешниҳод кардаанд, ки шири говҳо ва бузҳои бар зидди COVID-19 эмкардашуда метавонад барои эмкунии аҳолӣ истифода шавад.

    Муаллифони асар буз ва говҳои хонагиро бо ваксинаи ZF-UZ-VAC2001, ки барои одамон пешбинӣ шудааст, се маротиба эм карда буданд. Дар зардоб ду ҳафта пас аз ваксинаи аввал антителоҳои безараркунанда муайян карда шуданд. Таҷрибаҳо дар културҳои ҳуҷайра нишон доданд, ки антителоҳо SARS-CoV-2-ро бомуваффақият безарар мекунанд - дар зардоби хун, самаранокӣ ба 100 фоиз ва дар шир – 40 фоиз расид.

    "Натиҷаҳои аввалини озмоишҳои таҷрибавӣ нишон доданд, ки ваксинаи ZF-UZ-VAC2001-и инсониро метавон барои ваксина кардани ҳайвоноти хонагӣ бо мақсади ба даст овардани шири аз ҷиҳати иммунобиологӣ фаъол ва зардоби дорои антителоҳои мушаххаси безараргардонии зидди SARS-CoV-2 бехатар истифода бурд", - хулоса карданд муаллифон. Онҳо умедворанд, ки шири бо ин роҳ тавлидшуда метавонад барои эмкунии оммавии пассивии аҳолӣ истифода шавад.

    Илова бар ин, пас аз пастеризатсия антитело нигоҳ дошта мешавад, ки ин имкон медиҳад, ки шири эмкунӣ дар ҳаҷми зиёд тайёр карда шавад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates