Гурӯҳи иборат аз 25 нафар бо як роҳбалад ба пиряхи Брейдамеркурёкулл дар экскурсияи муташаккил буданд, ки ғор фурӯ рехт, хабар медиҳад gazeta.ru.
Пулиси Шюдюрланд рӯзи якшанбе гуфт: "Чор нафар дар зери ях мондаанд, ду нафар аллакай наҷот дода шудаанд ва сахт маҷрӯҳ шудаанд."
"Ҷустуҷӯи ду нафаре, ки дар ғори яхбандӣ мондаанд, идома дорад", - омадааст дар изҳорот.
Расонаҳои Исландия гузориш додаанд, ки ду чархболи посбонии соҳилӣ ба ҷойи ҳодиса, ҳамчунин, ёрии таъҷилӣ ва пулис фиристода шудаанд.
Пиряхе, ки дар он садама рух додааст, дар наздикии лагуни пиряхи Йокулсарлон, яке аз маъруфтарин мавзеъҳои сайёҳии Исландия воқеъ аст.