Парлумони Лубнон фармондеҳи артиш Ҷозеф Аунро ҳамчун президенти кишвар интихоб кард. Рӯзи панҷшанбе, 9 январ, 99 аз 128 вакил ба тарафдории ӯ овоз доданд. Президенти Лубнон метавонад ҳукуматро тасдиқ кунад ва созишномаҳоеро тасвиб намояд, ӯ фармондеҳи олӣ нируҳои мусаллаҳи кишвар аст.
Мақоми президентӣ аз охири октябри соли 2022 холӣ буд. Он замон муҳлати ваколати президенти пешина ва ҳамноми президенти нав Ҷозеф Аун – Мишел Аун ба поён расид. Гурӯҳи радикалии проэронӣ «Ҳизбуллоҳ» натавонист номзади худро ба мақоми президентӣ гузорад. Ҷозеф Аун дастгирии ИМА ва Арабистони Саудиро дорад.
Дар давоми ду соли охир 12 кӯшиши ноком барои интихоби президенти Лубнон анҷом дода шуд, хабар медиҳад dw.com.