Интихобкунандагони ноҳия ва шаҳрҳои вилоят, донишҷӯён, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, депутатҳои шӯроҳои маҳаллӣ ва фаъолони ҳизб дар гирдиҳамоӣ, ки дар толори маҷлисгоҳи "Ӯзбекнефтегаз" -и Қаршӣ баргузор шуд, ширкат варзиданд.
Ҷамъомад таҳти роҳбарии раиси Шӯрои марказии Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов гузашт. Ба интихобкунандагон дар бораи тарҷумаи ҳоли номзад маълумоти муфассал дода шуд.
Дар вохӯрӣ номзад ба мақоми президентӣ Мақсуд Ворисова дар бораи афзалиятҳои барномаи пешазинтихоботӣ, аз ҷумла, дар бораи рафъи ҳама шаклҳои нобаробарии иҷтимоӣ дар кишвар, таъмини иштироки баробари ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дар ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, дар бораи ҳокимияти суд, ташаккули таъмини низоми оптималии нафақа ва кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ суханронӣ кард.
М.Ворисова ҳамчунин қайд кард, ки дар байни самтҳои асосӣ - додани манзилҳои иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки дар шароити вазнини зиндагӣ қарор доранд, ҷорӣ намудани системаи андозбандӣ аз рӯи даромади аҳолӣ, муқаррар намудани назорати қатъии давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба ташаккули нархҳо барои маҳсулоти асосии хӯрокворӣ қарор доранд.
Дар ин маърӯза дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Қашқадарё мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, масъалаҳои шуғли ҷавонон ва занон, таъсиси ҷойҳои кории устувор барои шахсони имконияташон маҳдуд, такмили инфрасохтор, рафъи мушкилоти марбут ба таъмини оби ошомиданӣ, барқ ва гази табиӣ.
Фаъолони дар гирдиҳамоӣ баромад карда, даъват карданд, ки барномаи пешазинтихоботии номзад ба мақоми президентӣ Максуда Ворисоваро дастгирӣ кунанд ва инчунин интихобкунандагонро даъват намуданд ба ба ин номзад овоз диҳанд.
Дар охири чорабинӣ Мақсуда Ворисова аз муассисаҳои тиббию иҷтимоии вилоят дидан намуда, бо кормандон ва шаҳрвандон муколамаи гарму ошкоро анҷом дод. Онхо фикру мулоҳизахои худро самимона баён карданд.