Ояндаи мамлакат, рушди иқтисодиёт, пеш аз ҳама, ба насли босавод вобаста аст. Бо ин мақсад, дар мамлакат ҷиҳати сохтмони кӯдакистон ва мактабҳо, истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим корҳои зиёд анҷом дода мешаванд.
Барои моҳонаи омӯзгорон зиёда аз 10 намуди изофапулиҳо ҷорӣ шудааст. Имрӯз беш аз 60 ҳазор омӯзгороне, ки барои такмили донишу маҳорати худ талош мекунанд, зиёда аз 10-12 миллион сӯм маош мегиранд. Тамоми ҷамоаҳои 300 мактабе, ки дар асоси низоми нави баҳодиҳӣ натиҷаҳои мусбат нишон додаанд, то ба 40 фоиз изофапулӣ мегиранд. Аз ҳамин моҳ маоши директорони мактаб, мудирони кӯдакистон ва муовинони онҳо низ аз 10 миллион сӯм зиёд гардид.
Аз аввали сол, писару духтарони мамлакатамон дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ 195 медал ба даст овардаанд. Дар зиёда аз 1000 мактабе, ки мутахассисони забонҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд, шумораи хонандагон соҳиби сертификати забонӣ дар як сол 2,5 маротиба афзуд.
Дар ҷамъомад зарурати идома додани ислоҳот дар ин соҳа ва ворид намудани дигаргуниҳои бузург дар ҳама самтҳои таълим таъкид гардид.
Имсол то ба 182 ҳазор зиёд кардани шумораи ҷойҳо дар таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, 82 ҳазор ҷой ба ҳиссаи кӯдакистонҳои нав рост меояд. Қисми боқимонда – 100 ҳазор ҷой тавассути таъмири боғчаҳои кӯҳна ва бо ҷалби бахши хусусӣ ташкил карда мешавад.
Барои ин дар шаҳру ноҳияҳое, ки сатҳи фарогирӣ бо таълими томактабӣ аз 80 фоиз поён аст, заминҳои холӣ ба музояда гузошта мешаванд. Аз рӯйи сохтмони кӯдакистонҳо дар онҳо дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ барномаи сесола таҳия мегардад. Барои чунин муассисаҳо тартиби додани субсидия ва қисман пардохти маоши тарбиядиҳандагон роҳандозӣ мешавад.
Якҷоя бо бино ва шароити нави инфрасохтор, салоҳияти кормандони боғчаҳо низ бояд дар сатҳи баланд бошад. Дар мавсими тобистон 118 ҳазор тарбиятгарон такмили ихтисос намуданд. Аммо ин ҳанӯз кам аст. 38 фоизи тарбиятгарони кӯдакистонҳои давлатӣ ва 24 фоизи боғчаҳои хусусӣ соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд.
Аз ин рӯ, аз соли нави таҳсил барои тарбиятгарони дорои маълумоти миёнаи махсус дар шакли таълими бакалавр тартибе роҳандозӣ мешавад, ки онҳо 5 рӯз кор карда, як рӯз таҳсил мегиранд. Тавассути ин, ҳар сол қариб 10 ҳазор мутахассиси дорои маълумоти олӣ ба кӯдакистонҳо ворид мегарданд.
Соли оянда дар ҳар як вилоят кӯдакистонҳои "Насли нав" таъсис меёбанд, ки барои баланд бардоштани маҳорати педагогии тарбиятгарон кӯмаки методӣ мерасонанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба шароити таълим дар мактаб муҳокима шуданд.
Дар се соли охир барои хонандагони боистеъдод 201 мактаби ихтисосонидашуда таъсис ёфт. Вале дар 12 мактаб корҳои сохтмону таъмир ҳанӯз анҷом наёфтааст.
74 ҳазор донишомӯзи минтақаҳои дурдаст ба мактаб аз масофаи 5-7 километр равуо мекунанд. Дар 100 мактаби вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё автобуси ройгон гузошта шудааст. Ин зарурат дар дигар вилоятҳо низ пешбарӣ карда мешавад.
Аз соли гузашта дар синфҳои 1 соатҳои дарси информатика ҷорӣ шуд. Аз соли таҳсили оянда дар синфҳои болоӣ дарсҳо оид ба зеҳни сунъӣ ҷой дода мешаванд. Барои ин, бо компютер ва тахтаҳои интерактивӣ таъмин намудани 2000 синфхона зикр гардид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои ҷавонони боиқтидор, дар вилоятҳо филиалҳои мактабҳои Ал-Хоразмӣ дар самти технологияҳои иттилоотӣ, Мирзо Улуғбек оид ба муҳандисӣ, Ибни Сино, ки ба фанҳои табиӣ ихтисосонида шудааст, таъсис меёбанд. Онҳо ба боргоҳҳои таълими олии техникии минтақаҳо вобаста карда мешаванд. Хатмкунандагоне, ки натиҷаҳои хуб ба даст меоранд, ба курси дуюми онҳо қабул мегарданд.
Соли оянда ду олимпиадаи бонуфузи байналмилалӣ дар байни донишомӯзон аз рӯйи фанҳои кимиё ва информатика бори аввал дар Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Ба масъулон оид ба вазифаҳо дар ин самт дастур дода шуд.
Масъалаҳои тарбия ва таъмини шуғли ҷавонон низ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки акнун вобаста ба тоифаҳои синнусолӣ модели миллии тарбия таҳия мешавад. Тавассути ин, бачагон ҳамчун мутахассисони дорои салоҳиятҳои муосир ва инсонҳои содиқ ба арзишҳои миллӣ тарбия меёбанд.
Аз тарафи Маркази рушди контенти кӯдакона ва Институти миллии педагогикаи тарбия ба номи Қорӣ Ниёзӣ вобаста ба мавзӯъҳои ҳафтаина видеороликҳои ҷолиб таҳия мегарданд. Онҳо дар платформаи “Тарбияи миллӣ” ҷойгир карда мешаванд.
Дар кашфи истеъдоди ҷавонон, ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо таълими беруназмактабӣ ва варзиш нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, бо мақсади ба марҳилаи нав бардоштани ин низом ва пурмазмун ташкил кардани вақти холии ҷавонон қарори Президент имзо гардид.
Мувофиқи он, дар пояи 219 мактаби “Баркамол авлод”, ҷамъияти варзишии “Ёшлик”, Маркази ҷавонони таҳсилгиранда ва Ташкилоти кӯдакони Ӯзбекистон дар ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳияҳо марказҳои “Келажак” таъсис меёбанд. Ин марказҳо ҳамкориро бо мактабҳо беҳтар намуда, донишомӯзонро ба маҳфилҳо дар самтҳои муҳандисӣ, илму фан, фарҳанг, санъат, китобхонӣ, варзиш ва экология ҷалб мекунанд.
Барои ин дар ҳар як мактаб вазифаи мушовир ҷорӣ мегардад. Онҳо бо назардошти қобилият ва шавқи хонандагон, маҳфилҳои забон, касб, муҳандисӣ, эҷод, санъат ва варзишро ташкил мекунанд. Дар асоси натиҷаҳое, ки дар ин маҳфилҳо ва олимпиадаҳо ба даст меоянд, “портфолиои рақамӣ”-и ҷавонон ташаккул ёфта, дар шаҳодатномаи электронӣ нишон дода мешавад.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки фароҳам овардани шароит барои соҳиби касбу ҳунар ва даромади доимӣ намудани ҷавонон, масъалаи аз ҳама муҳим мебошад.
Дар кишвари мо 598 техникум мавҷуд, ки қобилияти қабули 450 ҳазор хонандаро доранд. Аммо таваҷҷуҳи ҷавонон ба онҳо ва нишондиҳандаи дарёфти шуғл паст аст. Бинобар ин, дар асоси таҷрибаи мактабҳои Президентӣ ва ихтисосонидашуда, зарурати тибқи стандартҳои байналмилалӣ ворид намудани муҳити таълими касбии муосир ба тамоми техникумҳо таъкид гардид.
Барои дар асоси сиёсати ягона пеш бурдани ин сиёсат Агентии таълими касбӣ таъсис дода мешавад. Минбаъд кадрҳо дар техникумҳо дар асоси дархости сармоягузорон ҳадафмандона омода карда мешаванд. Ба корхонаҳое, ки бо техникумҳо низоми таълими дуалиро роҳандозӣ мекунанд, кредитҳои имтиёзнок ҷудо карда мешавад.
Ҳамчунин, ба масъалаҳои таъсиси устохонаҳои бозомӯзии касб ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар асоси таҷрибаи давлатҳои рушдкарда таваққуф карда шуд.
Дар ҷамъомад бо мутасаддиён ва омӯзгорон мулоқот доир гардид.