Дар асоси ғояи неки «Ӯзбекистони Нав аз мактаб оғоз меёбад» дар соҳа корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Дар солҳои охир садҳо мактабҳои ҳозиразамон ташкил карда шуданд. Мактабҳои типи тамоман нав — мактабҳои президентӣ ва эҷодӣ ташкил карда шуданд, сети мактабҳои махсус васеъ гардид. Китобҳои нави дарӣ ва воситаҳои таълим тартиб дода шуданд.

Ба беҳтар намудани шароити меҳнати муаллимону мураббиён, баланд бардоштани ихтисоси онҳо диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, дар давраи гузашта маоши омӯзгорон ба ҳисоби миёна 2,5 баробар афзуд.

Барои омӯзгороне, ки сертификати миллӣ ва байналмилалӣ аз забони хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ, математика, химия ва биология доранд, иловапулӣ, инчунин барои муаллимоне, ки ба ноҳияҳои дурдаст барои кор омадаанд, ҳаққи махсус ҷорӣ карда шуд.  Дар натиҷа шумораи муаллимоне, ки аз 6 миллион то 10 миллион сӯм маош мегиранд, ба 23 ҳазор нафар ва шумораи муаллимоне, ки аз 10 миллион сӯм зиёд маош мегиранд, аз ҳазор нафар гузашт.

Бо мақсади кам кардани бори мактабҳо 700 ҳазор ҷои нави талабагон ташкил карда шуд. Ин назар ба солҳои гузашта 15 баробар зиёд аст. Дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ чор баробар афзуд, ки ин дастрасии ҷавононро ба он васеъ кард.

Дар баробари ин дар соҳаи таълими мактабӣ ҳануз бисёр мушкилоти таъхирнопазир мавҷуданд.

Имрӯз дар синфҳои ибтидоӣ 11 фан ва дар синфҳои боло 16 фан таълим дода мешавад. Аммо хонандагон дар ин ё он соҳа бе дониши амиқ мактабро тарк мекунанд.

Соли гузашта донишу малакаи 86 ҳазор нафар ё 37 дарсади 220 ҳазор омӯзгор «ғайриқаноатбахш» арзёбӣ карда шуд. Вазъият махсусан дар байни муаллимони информатика, забони англисӣ, физика, математика ва химия — фанҳое, ки ҳоло талабот зиёд аст, ташвишовар аст.

Дар давоми шашуним соли охир дар мамлакати мо барои 320 ҳазор квартира манзилгоҳ сохта шуд. Аммо ягон мактаби ғунҷоишаш мувофиқ сохта нашудааст. Дар мавзеҳо ва маҳаллаҳои нав барои 350 ҳазор ҷойи донишандӯз эҳтиёҷ мавҷуд аст. Дар бобати беҳтар намудани пойгоҳи мактабҳои мавҷуда низ анҷоми корҳои бузург дар пеш аст.

Дар солҳои охир барои 70 ҳазор ҷой 350 мактаби хусусӣ ташкил карда шуд. Аммо дар бисёр ноҳияҳо кор дар бобати тараққӣ додани сектори хусусии таълими мактабӣ дар сатҳи бояду шояд нест.

Сарвари давлатамон ин нишондиҳандаҳоро таҳлил намуда, оид ба беҳтар намудани мазмун ва шароити таҳсилоти мактабӣ ташаббусҳои нав эълон карданд.

Дар навбати аввал, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар 500 мактаби кишвар нақшаҳои таълимӣ ва системаи баҳодиҳии мактабҳои президентӣ ва тахассусӣ ҷорӣ карда мешаванд. Баъди як сол кори ин 500 мактаб мавриди омӯзиш қарор гирифта, муаллимоне, ки аз системаи нав самаранок истифода мебаранд, то 40 фоиз иловапулӣ мегиранд. Дар панҷсолаи ҷорӣ ин система дар ҳамаи мактабҳо ҷорӣ карда мешавад.

Имсол 500 нафар «соҳибони забон» аз хориҷи кишвар барои таълим дар мактабҳо даъват карда шуданд. Дар оянда шумораи онҳо зиёд мешавад. Ба ҳамин муносибат ба ҳокимон супурда шуд, ки масъалаи таъминоти манзили омӯзгорони хориҷиро ҳал кунанд.

Шумораи фанҳое, ки дар синфҳои боло таълим дода мешаванд, аз 16 ба 11 адад кам карда мешаванд. Дар баробари ин ба хонандагони синфҳои 10-11 аз рӯи ҷуфтҳои ҷуфти фанҳои «химия – биология», «математика – физика», «математика – забони хориҷӣ», «забони модарӣ ва адабиёт – забони хориҷӣ» бо хохиши худ амиқ таълим дода мешавад.

Хонандагоне, ки соҳиби касб шудан мехоҳанд, имконият пайдо мекунанд, ки дар худи мактаб мутахассиси тайёр шаванд. Аз соли таҳсили оянда камаш 1000 мактаб ба ин система гузаронда мешавад.

Мазмуни дарсҳо низ тағйир меёбад. Дарси саводнокии компютерӣ аз синфи 1 ва дарси саводнокии молиявӣ аз синфҳои боло ҷорӣ карда мешавад.

Муҳимтар аз ҳама, ворид кардани фанҳои нав ба барномаи таълимӣ манъ карда мешавад. Ҳама пешниҳодҳои нав акнун бояд ба фанҳои мавҷуда ворид карда шаванд.

Сарвари давлат ба масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

Системаи ба кор қабул кардани муаллимон, баланд бардоштани ихтисоси онҳо ва додани категорияҳо ба куллӣ тағйир дода мешавад. Аз ҷумла, қабули омӯзгорон дар асоси озмун сурат хоҳад гирифт. Довталабоне, ки бори аввал довталабӣ мекунанд, бояд 1 сол ҳамчун омӯзгори таҷрибаомӯз кор кунанд ва дар охири сол сертификати касбӣ гиранд. Дар оянда ин система тадриҷан барои ҳамаи муаллимон ҷорӣ карда мешавад.

Тахассуси муаллимон низ ба таври дифференсиалӣ такмил дода мешавад. Ҳамин тариқ, пеш аз такмили ихтисос ташхиси дониши омӯзгор гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳо самтҳои алоҳидаи такмили ихтисос муайян карда мешаванд. Ба мактабҳои олие, ки омўзгоронро бо натиҷаҳои паст тайёр кардаанд, рекламатсия фиристода мешавад, яъне натиҳаи ташхиси омўзгорон низ баҳодиҳии фаъолияти донишгоҳҳои омўзгорӣ мешавад.

Ба ин муносибат вазифа гузошта шуд, ки фаъолияти марказҳои ҳудудии такмили ихтисос, таъмир ва таҷҳизонидани онҳо аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта шавад.

Додани категорияи тахассусӣ ба омӯзгорон дар ду марҳила сурат мегирад. Дар марҳилаи аввал дониши омӯзгор дар имтиҳони пешакӣ баҳогузорӣ шуда, шахсоне, ки зиёда аз 70 дарсади хол гирифтаанд, ба марҳилаи дуюм мегузаранд. Дар марҳилаи дуюм истифодаи технологияҳои пешқадами педагогӣ, усулҳои кор бо донишҷӯён ва равишҳои баҳодиҳии дониш санҷида мешавад.

Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ вазифадор шудааст, ки ин системаро дар 20 ноҳияи сатҳи пасти дониши омӯзгорон озмоиш кунад.

Муассисаҳои таълими олии педагогӣ дар асоси муносибати махсус инкишоф меёбанд. Дар донишгоҳҳои омӯзгории Тошканд ва Чирчиқ тайёркунии мутахассисон дар асоси барномаи мактабҳои президентӣ амалӣ мегарданд. Ин муассисаҳо пойгоҳи мактабҳои олии  соҳаи педагогӣ хоҳанд шуд.

Аз соли таҳсили оянда мактабҳое, ки кадрҳо намерасанд, дар вазъияти душвор қарор доранд, пешакӣ интихоб карда шуда, барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти онҳо закази давлатии мақсаднок ҷорӣ карда мешавад.

Низоми идоракунии таълими мактабӣ низ тағйир меёбад. Минбаъд номзадҳо ба вазифаи директорӣ танҳо аз байни кадрҳое интихоб мешаванд, ки шаҳодатнома доранд, ба захира дохил карда шудаанд, онҳо дар асоси шартномаи муҳлатнок ба кор кабул карда мешаванд. Директорон ва ҷонишинони онҳо дар ҳар панҷ сол аз аттестатсия мегузаранд.

Масъалаи дигари мубрами соҳа зиёд гардондани фарогирӣ ба таълими мактабист.

Соли оянда дар доираи Барномаи сармоягузорӣ барои сохтмони мактабҳо ҷудо кардани 3 триллион сӯм пешбинӣ шудааст. Ба туфайли ин 150 ҳазор ҷойи нави хонандагон ташкил карда мешавад.

Дар заминаи биноҳои 61 коллеҷ, ки бо иқтидори нопурра кор мекунанд, мактабҳои нав ташкил карда мешаванд. Дар асоси шарикии давлатию хусусӣ боз 50 мактаби дигар сохта мешавад.

Бо фароҳам овардани шароити иловагӣ барои бахши хусусӣ имкон пайдо мешавад, ки дар як сол камаш 25 ҳазор ҷойи донишандӯзӣ ташкил карда шавад.

Ба ин манзур ба соҳибкороне, ки барои ташкили мактаби хусусӣ қарз гирифтаанд, аз ҳисоби буҷет ба андозаи 7 дарсади меъёри қарз ҷубронпулӣ мегиранд. Қитъаҳои сохтмони мактабҳои нав танҳо барои сохтмони мактаб ба музояда гузошта мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар маҷмӯъ ба шарофати ин тадбирҳо соли оянда 250 ҳазор ҷойи хонанда таъсис дода мешавад, ки нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёд мебошад.

Масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои ин чорабиниҳо маблағгузорӣ намуда, мактабҳо сохта, муҷаҳҳаз созанд, муассисаҳоро ба мавсими тирамоҳу зимистон омода созанд.

Масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкунандагон низ ба миён гузошта шуд. Имсол мактабҳоро 387 ҳазор нафар талабагон тамом карданд. Аз ин 138 ҳазор нафарашон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд.

Сарвари давлатамон зарурати ҷалби дигар хатмкунандагон ба таҳсилоти касбӣ, дастгирии манфиат ва ташаббусҳои соҳибкории онҳоро таъкид намуд. Вазифаҳои ба ҷавонон омӯзондани касбҳои ҳозиразамон, ки ба онҳо бо харҷи кам даромади калон медиҳанд, муайян карда шуданд. Вазифаи ба роҳ мондани кори мақсаднок бо хонандагон, дақиқ муайян намудани масъулияти ҳокимон, директорони мактабҳо ва волидон дар ин раванд гузошта шуд.

Чунон ки маълум аст, се сол пеш ба бачагони то 15-сола додани доруҳои йодӣ, витамин ва доруҳои зидди гиҷҷа ҷорӣ карда шуда буд. Дар натиҷа, гирифторони бемориҳои ғадуди сипаршакл, ки ба инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакон таъсир мерасонанд, коҳиш ёфт. Ба ин муносибат зарурати давом додани бепул тақсим намудани доруҳои йод ба талабагон, дар байни аҳолӣ васеъ тарғиб намудани хосиятҳои фоидабахши йод қайд карда шуд.

Дар ҷамъомад Президент ба кулли омӯзгорон, директорони мактабҳо ва муовинони онҳо муроҷиат кард.

 – Муаллимони азиз, ман шуморо дар татбиқи ислоҳоти мо дар соҳаи таълими мактаб ёрдамчиёни наздиктарини худ мешуморам. Натиҷаи ниҳоии тадбирҳое, ки дар бобати боз ҳам беҳтар намудани таълими мактаб андешида шудаанд, пеш аз ҳама ба шумо ва меҳнати фидокоронаи шумо вобаста аст.

Ман дар симои шумо одамонеро, ки ҳаёти худро ба бузургтарин ва наҷибтарин кори ҷаҳон – тарбияи насли наврас бахшидаанд, ба касби худ содиқанд, мебинам. Миллионҳо фарзандони мо, ки имрӯз шумо онҳоро тарбия карда, дилҳои онҳоро аз меҳру муҳаббат ва дониш саршор мегардонед, фардо ба қатори бунёдкорони Ӯзбекистони Нав дохил мешаванд. Мамлакат ва халқи мо хизматҳои наҷибонаи шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Шаъну шараф ба касби омӯзгорӣ ва қадр кардани меҳнати он минбаъд ҳам дар маркази диққати мо меистад. Дар Конститутсияи навшудаамон  мақоми муаллимро мустаҳкам намудем. Ва дар оянда низ дар ин замина корҳои зиёдеро анҷом хоҳем дод, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар ҷамъомад вазирон, ҳокимон ва шахсони расмии дигар бинобар вазифаҳои гузошташуда ҳисобот доданд.