Тибқи иттилои дафтари матбуоти “Uzbekistan Airports”, парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Airbus A330 дар ҳар даҳ рӯз як маротиба анҷом дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳавопаймоии Малайзия нахустин парвози худро ба Ӯзбекистон 9 июли соли 2022 дар чаҳорчӯби созишнома бо ширкати сайёҳии Ӯзбекистон Osmon Aero анҷом дод.

Барои маълумот: Malaysia Airlines ширкати ҳавопаймоии миллии давлатии Малайзия мебошад, ки қароргоҳаш дар иёлати Селангор ҷойгир аст.