Дар Ӯзбекистон маркази тиббӣ дар асоси зеҳни сунъӣ кушода мешавад

    Тандурустӣ 28 Iyun 2024 1967

    Дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Ӯзбекистон миёни Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва ширкати муғулистони «Tavan Vogd Holdings LLC» ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

    Тибқи ин санад, ширкати «Tavan Vogd Holdings LLC» аз ҳисоби 10 миллион доллар сармояи худ дар Ӯзбекистон Маркази скрининги пешгирии тиббии «NURA»-ро дар асоси технологияҳои зеҳни сунъии ширкати «Fujifilm Group»-и Ҷопон таъсис ва ба кор меандозад. Дар назар аст, ки 160 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.

    Вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар навбати худ ба маркази нав дар дарёфти иҷозатнома барои хидматрасонии тиббӣ ва сабти ном таҷҳизоти тиббии воридотӣ кумак хоҳад кард.

    Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани сифати зиндагии шаҳрвандони Ӯзбекистон тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта дар соҳаи тибби профилактикӣ мебошад. "Fujifilm Group" аллакай дар Муғулистон таҳти бренди "NURA" фаъолият мекунад, ки ба истифодаи зеҳни сунъӣ барои барвақт ошкор кардани саратон ва дигар бемориҳои ба тарзи зиндагӣ марбут тахассус дорад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates