баннер
9 Apr 2025
02:20

    Байни Тошканд ва Будапешт роҳандозии хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ ба нақша гирифта шудааст

    Нақлиёт 21 Fevral 2025 893

    Вазири нақлиёт Илҳом Маҳкамов бо директори генералии ширкати ҳавопаймоии Wizz Air Йожеф Варади ва сафири Венгрия дар Ӯзбекистон Йожеф Рожа гуфтушунид анҷом дод.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои васеъ намудани ҷуғрофияи хатсайрҳои ҳавоии ширкати Wizz Air аз Ӯзбекистон ба Аврупо, инчунин парвозҳои транзитӣ тавассути Ӯзбекистон муҳокима шуданд.

    Варади аз таваҷҷуҳи ширкати Wizz Air Abu Dhabi ба афзоиши парвозҳо дар хатсайри «Тошканд - Абу-Даби - Тошканд», роҳандозии хатсайрҳои ҳавоӣ бо шаҳрҳои Намангон ва Урганҷ, инчунин дурнамои таъсиси ширкати муштараки ҳавопаймоӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон хабар дод.

    Вазири нақлиёт И. Маҳкамов ба ширкати Wizz Air пешниҳод намуд, ки хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Ӯзбекистон ва Маҷористон роҳандозӣ карда шуда, парвози мунтазами «Тошканд - Будапешт - Тошканд» то охири соли ҷорӣ ташкил карда шавад.

    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech