Тибқи иттилои Uzbekistan Airports, 2 июн нахустин ҳавопаймои ширкат аз Ереван дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба замин нишаст. Дар дохили он 127 мусофир қарор доштанд. Ҳавопаймо тибқи анъанаи авиатсионӣ бо аркаи обӣ истиқбол гирифта шуд ва ба ҳайати экипаж гулҳо тақдим гардиданд.

Ҳамон рӯз дар фурудгоҳи пойтахт маросими ифтитоҳи бақайдгирии нахустин парвози «Тошканд – Ереван» баргузор шуд. Бо ин парвоз 177 мусофир ба пойтахти Арманистон сафар карданд.

Ифтитоҳи хатсайри нав имкониятҳои иловагӣ барои рушди сайёҳӣ, робитаҳои тиҷоратӣ ва табодули фарҳангиро байни ду кишвар фароҳам меорад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737 анҷом дода мешаванд. Пештар мусофирон маҷбур буданд тавассути шаҳрҳои дигар, аз ҷумла Москва, Истанбул ва Тбилисӣ сафар намоянд.

Ширкати ҳавопаймоии " Shirak Avia " як ширкати ҳавопаймоии арманӣ аст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Звартнотс дар Ереван ҷойгир аст. Ин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои байналмилалиро ба самтҳои гуногун анҷом медиҳад ва ҳавопаймоҳои оилаи Boeing 737-ро истифода мебарад.