Вазири ТИК бо фаъолияти маркази таълимӣ – резидент IT Park шинос шуд

    Насли оянда 30 Yanvar 2022 1622

    29 январи соли равон Вазири рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Шерзод Шерматов бо фаъолияти маркази таълимии «Наҷот таълим», ки резиденти IT Park ба шумор меравад ва шароитҳои дар он фароҳам овардашуда шинос шуд.

    Ш. Шерматов бевосита бо фаъолияти маркази таълимӣ – резиденти IT-парк шинос шуда, оид ба корҳое, ки имрӯз дар соҳаи ТИК амалӣ мешаванд, пешниҳодҳои худро иброз дошт.

    Дар вохӯрӣ инчунин директори Агентии кор бо ҷавонон Алишер Саъдуллоев иштирок намуда, оид ба такмили минбаъдаи Портали ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон ибрози андеша намуд.

    Ҳамзамон, вазири ТИК барои беҳтар кардани қулайӣ дар Портали ҷавонон, ҷорӣ намудани низоми дарёфти қарз тавассути он пешниҳод низ ба миён гузошт. Зарурати фароҳам овардани имкони дарёфти қарз на бо муроҷиат ба бонк, балки бо истифода аз портал изҳор карда шуд.

    Масъалаҳои ҷудо намудани субсидияҳо бо мақсади таълим дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои ҷавононе, ки ба дафтари ҷавонон дохил карда шудаанд, пардохти қарзҳои таълимӣ баррасӣ шуданд.

    Ш. Шерматов бо шунавандагоне, ки дар маркази таълимии «Наҷот таълим» таҳсил мекунанд, суҳбат доир намуд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates