Вазири ТИК бо профессорони ҳиндустонӣ, ки ба донишҷӯёни донишгоҳҳо дарс медиҳанд, низ мулоқот кард. Зимни суҳбат бо омӯзгорон масъалаҳои рушди минбаъдаи Донишгоҳи Амитӣ дар Тошканд ва таъмини сифати таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ш. Шерматов инчунин ба раванди дохилшавӣ ба донишгоҳ дахл намуда, қайд кард, ки имтиҳонҳои дохилшавӣ таҳти роҳбарии бевоситаи устодони Ҳиндустон сурат мегиранд.
Дар вохӯрӣ доир ба иқтидори илмии донишгоҳ, ҳаёти донишҷӯён, раванди таълим, лабораторияҳо маълумоти муфассал дода шуд. Масъалаҳои рушди минбаъдаи соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани иқтидори донишҷӯён дар донишгоҳ баррасӣ шуданд.