Маросими ботантанаи истиқболи Президенти Муғулистон барпо гардид

    24 июн дар қароргоҳи "Кӯксарой" маросими истиқболи расмии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, ки бо сафари давлатӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.

    Дар майдони назди қароргоҳ қаровули фахрӣ саф орост.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олиқадрро самимона истиқбол намуда, ба шоҳсуфа даъват намуд. Гурӯҳи ҳарбӣ гимнҳои давлатии ҳар ду мамлакатро иҷро кард.

    Роҳбарон аз атрофи қаровули фахрӣ гузашта, аъзоёни ҳайатҳои вакилони расмиро истиқбол карданд.

    Пас аз аксгириҳои якҷоя гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ оғоз шуданд.