Ӯзбекистонро дар ин мусобиқа дастаи ҷавонон намояндагӣ мекунад, ки иборат аз 13 варзишгар: 5 духтар ва 8 писар мебошад.
Дар арафаи мусобиқа даста дар машғулиятҳои таълимӣ-тамринӣ марҳалаи ниҳоии омодагиро сипарӣ менамояд. Ба баланд бардоштани ҳолати ҷисмонӣ ва такмили техникаи шиноварӣ таваҷҷуҳи хос дода мешавад. Ин чораҳо ба дастёбӣ ба натиҷаҳои баланд дар мусобиқаҳои байналмилалии дарпешистода равона шудаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Федератсияи шиноварии Ӯзбекистон.





