Дар ин бора Кумитаи миллии Паралимпии Ӯзбекистон хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамватани мо дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо услуби чалқанча дар гурӯҳи С13 бо натиҷаи 58.97 сония ба марра расид ва рақибонашро дар қафо гузошту ба ҳисоби дастаи умумӣ медали дувумро тақдим кард.
Натиҷаҳои финал (100 м ба пушт, мардон, S13):
Тилло: Егор Болотов (Ӯзбекистон) – 58,97
Нуқра: Томас ван Ваанрой (Нидерланд) – 59,35
Биринҷӣ: Алексей Вирченко (Украина) – 59,45
Бояд гуфт, ки Болотов бо ин дастоварди худ аввалин марди ӯзбекистонӣ шуд, ки дар чемпионати ҷаҳонии пара-шиноварӣ медали тилло ба даст овардааст.
Ёдовар мешавем, ки медали аввалини Ӯзбекистон (биринҷӣ) дар ин чемпионат низ дар баҳсҳои шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо услуби озод аз ҷониби Болотов ба даст омада буд.