Дар заводи азнавкоркарди Бухоро 361,2 ҳазор тонна конденсати газ истеҳсол карда шуд

    Саноат 4 Avgust 2022 840

    Дар натиҷаи ташкили самарбахши кор аз ҷониби департаменти тиҷоратии ҶС "Ӯзбекнефтегаз" дар моҳҳои январ-июли соли 2022 ба анқша гирифта шуда буд, ки завод ва раёсатҳои низом ба заводи азнавкоркарди нафти Бухоро 350,5 ҳазор тонна маҳсулот интиқол диҳанд, дар амал бошад, 361,2 ҳазор тонна конденсати газ расонда дода шуд, ки 103,1 фоизро ташкил медиҳад.

    Аз ҷумла:

    Раёсати нафту гази Муборак ба ин комбинат мувофиқи нишондиҳандаи нақша бояд 135,6 ҳазор тонна маҳсулот интиқол диҳад, дар амал 136,6 ҳазор тонна расонда шуд, ки яъне 100,7 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Раёсати нефту гази Шуртан аз рӯи нишондиҳандаи нақша бояд 66,9 хазор тонна маҳсулот интиқол диҳад, дар амал 54,4 хазор тонна конденсати газ расонда шуд, ки 81,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Корхонаи коркарди гази Муборак аз рӯи нишондодҳои пешбинишуда 36,3 ҳазор тонна маҳсулот интиқол диҳад, воқеан 53,0 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуд, ки 146,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Раёсати азнавкоркарди нефту гази Газлӣ мувофиқи нишондиҳандаи нақшавӣ бояд 52,5 ҳазор тонна маҳсулот интиқол диҳад, дар амал 56,8 ҳазор тонна расонд, ки ин 108,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Маҷмӯи газу кимиёи Шӯртан аз рӯи нишондиҳандаи нақшавӣ бояд 58,4 ҳазор тонна маҳсулот интиқол диҳад, дар амал 59,2 ҳазор тонна конденсати газ расонда шуд, ки ин 101,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Раёсати азнавкоркарди нафту гази Водӣ мебоист бинобар нишондиҳандаҳои нақша ба комбинат 0,8 хазор тонна маҳсулот интиқол диҳад, дар амал 1,2 ҳазор тонна маҳсулот расонда дод, ки ин 148,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

    Заводҳо ва раёсатҳои ҶС «Ўзбекнефтгаз» пайваста корҳоро оид ба интиқоли беисти маҳсулоти газу кондесат ба заводи азнавкоркарди Бухоро дар ҳаҷми муқарраршуда идома медиҳанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates