Дар кони "Кулбешкак" барои истихроҷи гази табиӣ ва конденсат чоҳи нав кушода шуд

    Саноат 1 Noyabr 2022 919

    ҶС «Ўзбекнефтегаз» оид ба афзун гардондани истихроҷи гази табииӣ дар кон ва захираҳои карбогидрид корҳои васеъмиқёс анҷом медиҳад.

    Аз ҷумла, ҳангоми анҷом додани корҳо оид ба таъмири асосӣ чоҳҳои нав кофта мешаванд ва чоҳҳое, ки дар дараҷаи анҷомёбӣ қарор доранд, пас аз азнавсозии комплексӣ ба истифода дода мешаванд.

    Пармакунӣ дар чоҳи рақами 68-и кони конденсати гази "Кулбешкак, ки ба раёсати азнавкоркарди нафту гази ҶС «Ӯзбекнефтегаз» тааллуқ дорад, бомуваффакият аном ёфт.

    Баъди ба охир расидани пармакунӣ дар чоҳ дар фосилаҳои 1886-1883 метр, 1881-1878 ва 1870-1866 метр корҳои сурохкунӣ гузаронда шуданд.

    Корҳои пармакунӣ аз ҷониби мутахассисони ҶММ «Узнефтгаз бургулаш ишлари» анҷом дода шуданд.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «Ӯзбекнефтегаз», пас аз коркарди чоҳ дар як шабонарӯз 70 ҳазор метри мукааб гази саноатӣ ва 1 тонна конденсати газ истеҳсол шудааст.

    Барои маълумот: кони "Кулбешкак" дар ноҳияи Қарокӯли вилояти Бухоро воқеъ буда, аз соли 2008 фаъолият дорад. Дар айни ҳол чоҳ ба қубури заводи азнавкоркарди гази Учкир пайваст карда шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates