Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии вазорати ҳолатҳои фавқулодда, шиддати заминларза 3,4 балл, маркази заминларза дар умқи 15 километр ва дар масофаи 510 километр аз Тошканд будааст.

Дар дигар минтақаҳои Ӯзбекистон фаъолияти сейсмикӣ эҳсос нашудааст. Дар бораи ҳисорот ва талафот маълумоте нарасидааст.