Ба рӯи Замин тӯфони магнитии пурқувват афтид

    Олимон яке аз пурқувваттарин тӯфонҳои магнитиро дар чанд соли охир қайд карданд. Он шаби 4 ноябрь сар шуд, ноустувории майдони магнитии Замин камаш ду-се рӯз давом мекунад.

    Дар ин бора ТАСС бо такя ба лабораторияи астрономияи рентгении Офтоби Институти физикаи Академияи илмҳои Русия хабар медиҳад.

    «Дар руи замин, такрибан соати 1-и вакти Маскав яке аз калонтарин тӯфонҳои магнитии солҳои охир ғайричашмдошт оғоз ёфт. Индекси фаъолияти геомагнитӣ, ки дар рӯзҳои охир оҳиста-оҳиста то дараҷаи оромӣ поён омад (пас аз алангаи оташ дар охири моҳи октябр), тақрибан пас аз нисфи шаб ба сатҳи ҳафт (бо арзиши ҳадди нӯҳ) расид, ки ба тӯфони магнитии дараҷаи сеюм аз рӯи ҷадвали панҷ баллӣ " мувофиқат мекунад, гуфта мешавад дар хабар.

    Қайд карда мешавад, ки ноустувории майдони магнитии Замин камаш ду-се рӯз боқӣ мемонад, аммо эҳтимоли расидан ба максимумҳои кунунӣ кам аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates