Аломатҳои нави коронавирус номбар шуданд

    Тандурустӣ 4 Yanvar 2024 1255

    Штамми зараровари COVID-19, ки ба шакли вируси дар ҷаҳон ҳукмрон табдил ёфтааст, тавонист ду аломати навро ба вуҷуд орад.

    Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо ҳушдор додаанд, ки штамми вируси JN.1 дар Британияи Кабир, ИМА, Исландия, Португалия ва Испания фаъолона паҳн мешавад. Илова бар ин, паҳншавии босуръат дар Фаронса, Чин ва Ҳиндустон мушоҳида мешавад, менависад “Мир24”.

    Дар раёсати омори миллӣ хабар доданд, ки ба нишонаҳое, ки қаблан аз мубталоён маълум шуда буданд, ду аломати дигар барои ин навъи беморӣ ғайриоддӣ илова шудааст. Ҳамин тавр, ба гуфтаи ин идора, беморон ба ҷуз аз зуком, беҳолӣ, сулфа ва дарди сар, инчунин бехобӣ ва изтироб эҳсос мекунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates