Таъхири кӯтоҳ дар вояи ваксинаҳои навбатӣ ба миқдори антитело ё дигар нишондиҳандаҳое, ки пас аз вояи 1 ё 2 дар бадан тавлид мешаванд, таъсир намерасонад.
Тибқи таҳқиқот ва натиҷаҳои пешакии эмкунии оммавии аҳолӣ Агентии назорати доруҳои Чин (CDC) ба зиёд кардани фосилаи байни вояи 1 ва 2 ваксина то ду моҳ ва фосилаи байни дуюм ва сеюм то се моҳ иҷозат додааст, ин таҷриба аллакай дар Чин ҷорӣ карда шудааст.
Дар ҳоли ҳозир, 140 миллион нафар дар Чин бо ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 тибқи ҷадвали 0, 2, 6 эм карда шудаанд ва раванди эмкунӣ идома дорад.
Таҳқиқоти ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 тасдиқ мекунанд, ки зиёд шудани вақт байни вояи дуюм ва сеюм барои ташаккули антителоҳои бештар ва муқовимати онҳо дар тӯли муддати тӯлонӣ замина фароҳам меорад. Дар ин бора дар як мақолаи илмӣ гуфта шудааст. Мувофиқи маълумоти истеҳсолкунандагони ваксинаҳои ZF-UZ-VAC-2001, зиёд шудани фосилаи вақт байни вояи дуюм ва сеюм боиси зиёд шудани безараргардонии титрҳо бар зидди штаммҳои гуногуни коронавирус мегардад.
Бар замми ин, ба муносибати он ки ба сардорони раёсатҳои минтақавии тандурустӣ ва Хидмати беҳбудии санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии ҷамъиятӣ дар бораи муваққатан боздоштани эмкунии вояҳои дуюм ва сеюм ваксинаи чинию ӯзбекистонии ZF-UZ-VAC-2001 мактуб ирсол карда шуд, дар Ӯзбекистон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳодҳо оиди "зоҳир карда шудани таъсироти номатлуб " пайдо шуданд, ки овозаҳои беасос мебошанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати рушди инноватсионӣ.
Агар таъсири манфии ваксина ошкор карда мешуд, Вазорати тандурустӣ намегузошт, ки аҳолӣ бо вояи 1-уми ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 эм карда шаванд. Ғайр аз ин, 5-6 августи соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон 2 миллион доза ваксинаи ZF-UZ-VAC2001 расонда шуд, боз 2 миллион доза ҳамин моҳ расонда хоҳад шуд. Ҳукумат оиди дар Ӯзбекистон ба роҳ мондани ду намуди ваксина, аз ҷумла ZF-UZ-VAC2001 кор пеш мебарад ва ин кор то охири моҳи август ба анҷом мерасад.