Варзишгарони ӯзбекистонӣ дар як қатор намудҳои варзиш медалҳои тилло ба даст оварданд.

Муслима Нуриддинова дар мусобиқаи пауэрлифтинг дар вазни то 61 кило ғолиб омад.

Дар финали мусобиқаи шиноварии паралимпӣ дар масофаи 200 метр бо усули омехта, дар синфи SM8, Азизбек Бойназаров бо натиҷаи 2 дақиқаю 23,87 сония ҷойи аввалро гирифт. Мубинабону Халилова низ дар шиноварӣ ба масофаи 100 метр бо усули брасс, дар синфи S13, бо натиҷаи 1 дақиқаю 19,60 сония медали тилло ба даст овард.

Дар мусобиқаҳои варзиши сабук оид ба гулӯлапартоӣ Мадина Мухторова дар синфи F40 бо натиҷаи 9,10 метр ғолиб омада, рекорди Бозиҳои параосиёиро нав кард. Наврӯза Аҳматова, ки дар синфи F41 ҳунарнамоӣ мекард, бо натиҷаи 10,02 метр медали тилло ба даст оварда, рекорди Осиёро гузошт.

Марҷона Пардабоева дар мусобиқаи инфиродии паравелосипедронӣ байни занон дар намуди пойга бо сабқати вақт, дар синфи T1–2, масофаро дар 25 дақиқаю 58,04 сония тай намуда, соҳиби медали тилло гардид.

Дар мусобиқаи парадзюдо байни мардон, дар синфи J2 ва вазни беш аз 95 кило, Давурхон Кароматов ҳамаи ҳарифонашро мағлуб карда, ба зинаи олии шоҳсуфа баромад.

Дар мусобиқаи парапауэрлифтинг байни мардон дар вазни то 80 кило Бекзод Ҷамилов бо бардоштани 229 кило дар даври ниҳоӣ медали тилло ба даст овард. Байни занон бошад, дар вазни то 67 кило Рухшона Ӯктамова ғолиб дониста шуд.

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон ҳунарнамоии бомуваффақияти худро дар ин мусобиқаҳо идома медиҳад. Айни замон дастаи кишвар дар ҳисоби умумидастаӣ мақоми дуюмро ишғол мекунад.