Дар ҷараёни суҳбат самтҳои калидии ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи
муҳити зист, рушди устувор ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардиданд.
Пешрафти тадриҷии ҳамкориҳо, аз ҷумла омода кардани маърӯзаҳои
миллӣ оид ба муҳити зист, такмили низоми мониторинги муҳити зист ва тақвияти иқтидори
институтсионалӣ, қайд гардид.
Директори иҷроия ба лоиҳаҳои миллӣ – «Яшил макон»,
«Биомерос», «Ҳавои тоза», «Ҳудуди бидуни партов» ва «Эко-фарҳанг», ки дар Ӯзбекистон
амалӣ мешаванд, баҳои баланд дод. Аҳамияти онҳо барои таъмини устувории
экологӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ таъкид гардид.
Ҳамчунин
Ингер Андерсен омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ ҷиҳати татбиқи
ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон, ки дар рафти ин саммит пешниҳод гардиданд,
изҳор намуд.