Санъати кино дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва маънавии ҷомеа мавқеи муҳим дошта, воситаи муассири тарғиби таърих, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои муосири кишвар ба шумор меравад.
Дар солҳои охир таваҷҷуҳ ба ин соҳа ба таври куллӣ афзоиш ёфтааст. Дар ин давра 10 фармону қарори Президенти кишвар қабул гардида, дар даҳ соли охир ҳаҷми дастгирии буҷетии истеҳсоли филмҳо чандин маротиба зиёд шудааст.
Монополияи давлатӣ дар соҳаи кинематография барҳам дода шуда, фаъолияти киностудияҳои хусусӣ ба роҳ монда шудааст. Филмҳо бахшида ба шахсиятҳои таърихӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ ба навор гирифта шуда, павилонҳои муосири синамоӣ бунёд гардидаанд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои бузург дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ амалӣ карда мешаванд.
Сарвари давлат таъкид намуд, ки сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, дар соҳа ҳанӯз як қатор камбудиҳо боқӣ мондаанд. Аз ҷумла, заиф гардидани мактаби синамои ӯзбек, ки аз ҷониби коргардонҳои бузурги ӯзбек бунёд шуда, бо мазмуни амиқи равонӣ ва фалсафии худ фарқ мекард, зиёд шудани шумораи филмҳо бо сюжети сатҳӣ, норасоии сенарияҳои босифат, инчунин канда шудани пайванди наслҳо дар чунин самтҳо, ба монанди санъати наворбардорӣ, коргардонии садо ва таҳрири филмҳо, мавриди таъкид қарор гирифтанд.
Ба наздикӣ роҳбарияти Агентии кинематография нав карда шуд. Дар назди ин ниҳод вазифа гузошта шудааст, ки усулҳои муосири идоракуниро дар соҳа ҷорӣ карда, низоми шаффофи тақсими маблағҳои давлатӣ ва грантҳо ташкил карда шавад, барои рушди синамои муаллифӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, як қатор масъалаҳои дигар ҳал карда шаванд.
Таҳқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки дар байни 181 лоиҳаи барои истеҳсол ба нақша гирифташуда мавзӯъҳо ва давраҳои таърихии такроршаванда зиёданд. Ҳамзамон, як намояндаи соҳаи эҷод дар як вақт дар чанд лоиҳа иштирок мекунад, дар ҳоле ки баъзе киностудияҳо ва гурӯҳҳои эҷодӣ таҷрибаи зарурӣ надоранд.
Таъкид гардид, ки нишондиҳандаи асосии самаранокии фаъолияти агентӣ ба ҷойи маъруфияти филмҳои истеҳсолшуда ва эътирофи тамошобинон, иҷрои нақшаи тасдиқшуда қарор гирифтааст. Илова бар ин, низоми муназзами маркетинг, паҳнкунӣ ва фурӯши байналмилалии филмҳо ба роҳ монда нашудааст.
Дар ҷараёни муаррифӣ як қатор ташаббусҳо оид ба ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ дар соҳаи кинематография ва таъсиси бренди миллии синамоии «O‘zbekfilm» пешниҳод гардиданд.
Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки Агентии кинематография, 19 ташкилоти тобеи он ва Фонди кинематография барҳам дода шуда, ваколатҳои онҳо ба Вазорати фарҳанг вогузор карда шаванд. Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки биноҳои холишуда тавассути музояда ба фурӯш гузошта шаванд.
Дар назди Вазорати фарҳанг ширкати миллии синамоии «O‘zbekfilm» таъсис дода мешавад, ки ҳамчун оператори асосӣ дар соҳаи кинематография муайян хоҳад шуд. Дар истеҳсоли маҳсулоти синамоӣ низоми фармоиши давлатӣ бекор карда шуда, маблағгузории лоиҳаҳо аз ҷониби ширкат аз ҳисоби субсидияҳои буҷетии ба он ҷудошаванда амалӣ мегардад.
Ҳамчунин, таъсиси Маркази муосири дубляж пешбинӣ шудааст, ки бо студияи сабти овоз дар асоси технологияи Dolby Atmos муҷаҳҳаз хоҳад шуд.
Сарвари давлат пешниҳодҳои манзуршударо ҷонибдорӣ намуда, ба шахсони масъул супориш дод, ки ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ дар соҳаи кинематографияро суръат бахшанд, озодии эҷодиро дар соҳа таъмин намоянд, истеҳсоли филмҳо бо сенарияҳои босифат ва сюжетҳои воқеӣ зиёд карда шуда, шуҳрати байналмилалии мактаби синамои ӯзбек эҳё гардад.