Нурмат Отабеков: "Дозаи бустерӣ сатҳи пастшавии антителоҳоро мӯътадил мекунад"

    Тандурустӣ 19 Yanvar 2022 952

    То имрӯз, коршиносон пешниҳод мекунанд, ки як вояи бустерии ваксинаи COVID-19 гирифта шавад. Дар сурати тӯл кашидани пандемия, вояи бустерӣ метавонад зиёда аз як маротиба истифода карда шавад.

    Бояд гуфт, ки таҷрибаи ҷорӣ намудани вояи бустерии ваксина дар тиб муддати тӯлонӣ истифода шуда, дар кишвари мо дар ҷараёни эмкунӣ барои як қатор бемориҳои сироятӣ, аз қабили фалаҷ, сурхак, сурхча ва дифтерия истифода мешавад.

    Ба гуфтаи коршиносон, ваксина бо вояи бустер метавонад на танҳо аз штаммҳои “альфа” ва “делта”-и коронавирус, балки аз штамми “омикрон” низ муҳофизат кунад. Ҳатто агар шахс сироят ёбад, беморӣ ба осонӣ ва бидуни асорати ҷиддӣ мегузарад, хабар медиҳад ӮзА.

    “Бинобар ақидаи коршиносони байналмилалии ин соҳа, пас аз гирифтани ду ё се вояи ваксина дар бадани инсон антителоҳои зидди COVID-19 тавлид мешаванд, ки сатҳи он бо мурури замон коҳиш меёбад, – мегӯяд муовини директори Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ Нурмат Отабеков. – Эмкунӣ бо вояи иловагии бустерӣ дар муддати кӯтоҳ сатҳи антителоҳои пас аз ваксинаи аввалия ҳосилшударо зиёд мекунад. Ин маънои онро дорад, ки вояи бустерӣ метавонад сатҳи коҳиши антителоҳоро дубора мӯътадил созад."

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates