Пораҳои астероид, ки зонди NASA бо он бархӯрд, метавонад ба Замин афтад

    Илм 26 Avgust 2024 216

    Муҳаққиқон аз Италия ва Испания кашф карданд, ки партовҳои зонди DART, ки ба астероиди Диморф бархӯрда буданд, метавонанд дар тӯли даҳсола ба Замин бирасад, менависад Universe Today.

    Бархӯрди мустақими зонд бо астероид дар доираи миссияи DART 26 сентябри соли 2022 бомуваффақият анҷом ёфт. НАСА гуфт, ки ҳадаф аз ин миссия омӯзиши усули аз замин дур кардани ҷисмҳои санглох аст.

    Дар рафти таҷриба зонди кайҳонӣ ба астероид бархӯрд, ки траектория ва суръати онро тағйир дод. Бо вуҷуди ин, гарчанде ки ин миссия аз бархӯрди астероидҳои эҳтимолан хатарнок бо Замин пешгирӣ хоҳад кард, партовҳои дар натиҷаи зарба ҳосилшуда ба сайёраи мо ва Миррих афтода метавонанд.

    Тибқи пажӯҳиш, қисматҳои астероидҳои харобшуда метавонанд дар давоми тақрибан 13 сол ба сайёраи Сурх ва ба Замин дар ҳафт сол бирасанд.

    Бо вуҷуди ин, моделсозии компютерӣ нишон дод, ки то муваффақ шудан ба визуализатсияи боқимондаҳои Диморф метавонад то 30 сол лозим шавад. Ҳамзамон, мушоҳидаҳои давомдори метеоритҳо муайян хоҳанд кард, ки бархӯрд бо астероид ба пайдоиши борони нави метеорӣ мусоидат кардааст ё на.

    Аммо олимон таъкид карданд, ки агар ин пораҳо ба Замин расанд ҳам, ягон хатаре нахоҳанд дошт: аз сабаби хурд будан ва суръати баландашон онҳо дар атмосфера пароканда шуда, изи зебои дурахшоне боқӣ мегузоранд.


    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates