Дар ҷамъомад қарори муштараки Шӯроҳои палатаҳои Олий Маҷлис дар бораи таъсис додани Комиссияи омӯзиши далелҳо ва воқеаҳое, ки дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон моҳи июли соли 2022 рух доданд, бинобар он гузарондани тафтишоти мустақил қабул гардид.
Мувофиқи қарори мазкур инчунин ҳайати он ва низомномаи Комиссия тасдиқ шудааст.
Ба таркиби Комиссия намояндагони Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ўзбекистон ва депутатҳои халқӣ, роҳбарон ва кормандони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ ворид шудаанд.
Раҳбарии Комиссия ба зиммаи Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон Ф.Эшматова вогузор карда шуд.
Натиҷаи тафтишот ба маълумоти умум расонида мешавад ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи Ӯзбекистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонида мешавад.









