Дар рафти суҳбат ҳолати ҷорӣ ва дурнамои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Куриё дар соҳаи таълими томактабӣ баррасӣ гардиданд.

Дар суханронии ифтитоҳии худ роҳбари ҳайати Корея таъкид намуд, ки ҷониби Корея ҷонибдори рушди тавонмандӣ дар рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи таълими томактабӣ мебошад.

Ба гуфтаи меҳмон, таҳкими ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Корея шарти муҳими татбиқи лоиҳаҳои амалӣ байни давлатҳо, аз ҷумла дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки дар пасманзари таваҷҷуҳи афзояндаи роҳбарияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба масъалаҳои таълими томактабӣ, ҷониби Корея ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт, аз ҷумла дар амалӣ намудани лоиҳаи КОЙКА оид ба сохтмони Маркази маҷмӯгии тайёркунӣ, таълим ва рушди кадрҳо ва ташкилоти давлатии инноватсионии таълими томактабӣ дар шаҳри Тошканд  кумаки ҳамаҷониба мерасонад.

Дар навбати худ ҷаноби Ким Хи-Санг изҳори омодагӣ кард, ки ба Вазорати таълими тамактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ба роҳ мондани  робитаҳо байни телевизиони таълимии кӯдаконаи Корея EBS ва шабакаи телевизионии "-Aqlvoy"-и Ӯзбекистон мусоидат намояд. Аз ҷумла, ҷаноби Ким Хи-Санг ваъда дод, ки миёни шабакаҳои телевизионӣ як ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида, кӯдакони муқими Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкони тамошои филмҳои мултипликатсионии  гуногунро дошта бошанд.

Бинобар ҷамъбасти музокирот ҷонибҳо оид ба идома додани кори муштарак дар рушди раванди таълим дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати таълими томактабӣ.