Масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фаъолгардонии табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва ба сатҳи нав баровардани робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар баррасӣ шуданд.
Солҳои охир нишондиҳандаҳои савдо ва миқдори лоиҳаҳои якҷоя меафзояд. Дар соли 2023 гардиши мол 23 фоиз афзуд. Зимни мулоқот доир ба истифодаи иқтидор ва имконоти мавҷудаи кишварҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, логистика, бонк, молия ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зимни муколама таваҷҷуҳ ба густариши робитаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои ба ҳам наздик кардани мардум равона карда шуд. Таъкид гардид, ки халқҳои Ӯзбекистон ва Гурҷистон риштаҳои дӯстии мустаҳкам доранд ва зуд-зуд баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба рушди робитаҳои байни халқҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва анъанаҳо хеле наздик хидмат мекунад.
Ба манзури таъмини татбиқи босамари тавофуқоти сатҳи олӣ, ки байни ду кишвар ба даст омадаанд, ба роҳандозии иртиботи мунтазами миёни порлумонҳо, баланд бардоштани нақши гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ҳамчун ҳамоҳангсоз дар ин раванд таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Дар мулоқот оид ба таҳкими баробарии гендерӣ, робитаҳои байни минтақаҳо ва рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ тавофуқ ҳосил шуд.