Дурнамои ҳамкории Ўзбекистон ва Бритониёи Кабир мавриди муҳокима қарор гирифт

    23 апрели соли ҷорӣ Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ва котиби давлатӣ оид ба корҳои иттиҳод ва тараққиёт Дэвид Кэмеронро қабул кард.

    Масъалаҳои густариши муколамаи сиёсӣ ва дипломатӣ байни Ўзбекистон ва Бритиониёи Кабир, инчунин давом додани ҳамкории конструктивӣ дар арсаи байналхалқӣ, мустаҳкам намудани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва маданию гуманитарӣ, вусъат додани робитаҳои парлумонҳо баррасӣ шуданд.

    Зимни мулоқот таъкид шуд, ки солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳои мо ба сатҳи баланд расидаанд.

    Зимни суҳбат аҳамияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи рушди иқтисоди сабз ва таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим қайд гардид.

    Илова бар ин, рушди робитаҳои соҳаи маориф, фарҳанг ва гуманитарӣ ҳамчун самти афзалиятнок қайд карда шуд. Ҷанбаҳои амалии тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос дар соҳаҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва васеъ намудани барномаҳои таълимӣ бо забони англисӣ баррасӣ шудаанд.

    Дэвид Кэмерон алоҳида таъкид намуд, ки дар Ўзбекистон оид ба таъмини ҳуқуқи инсон, аз ҷумла, ҷорӣ кардани тамоюлҳои меҳнати шоиста, ноил шудан ба баробарии гендерӣ, муқовимат ба зӯроварии хонаводагӣ корҳои назаррас амалӣ карда мешаванд. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар солҳои охир ба таври қобили мулоҳиза густариш ёфтааст. Ҷонибҳо оид ба густариши минбаъдаи муколама дар ин самт табодули афкор намуданд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates