Раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷонибаи молиявию техникӣ бо Ҷумҳурии Куриё баррасӣ шуд

    Сармояҳо 22 Iyul 2022 1281

    20 июли соли равон дар Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ мулоқоти солона доир гардид, ки дар он ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ бо Ҷумҳурии Куриё баррасӣ шуданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби хориҷӣ намояндагони Вазорати иқтисод ва молия, инчунин Эксимбанки Ҷумҳурии Куриё ширкат варзиданд.

    Дар айни ҳол оид ба татбиқи панҷ лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ, дорусозӣ, саноати кимиё ба ҳаҷми беш аз 548 миллион доллар, ки аз ҳисоби вомҳои дарозмуҳлати имтиёзноки Ҷумҳурии Куриё маблағгузоӣ карда мешавад, кор фаъол пеш бурда мешавад.

    Дар мулоқот вазъи кунунии лоиҳаҳое, ки бо Ҷумҳурии Куриё аз ҳисоби қарзҳои имтиёзноки Хазинаи рушди иқтисодӣ ва ҳамкории "Эксимбанки"-и Куриё амалӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд.

    Аз ҷумла, қадамҳои минбаъда оид ба лоиҳаҳои афзалиятнок барои соли 2022: "Созмон додани кластери тиббӣ" (383 миллион доллар), "Созмон додани компонентҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии кластери инноватсионии илмию истеҳсолии «Tashkent Pharma Park» (198,6 миллион доллар) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

    Ҷонибҳо ҳамчунин имкони соддагардонии расмиёти пеш аз имзои созишномаҳои қарзиро баррасӣ намуда, самтҳои нави ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла рушди алоқаи автомобилу роҳи оҳани минтақавӣ ва рақамикунонии соҳаи тандурустиро муайян намуданд.

    Бинобар натиҷаи мулоқот рӯйхати лоиҳаҳои пешомаднок барои солҳои 2022-2024 мувофиқа карда шуда, инчунин оид ба тезондани татбиқи онҳо чораҳои дақиқ муайян шуданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates