Санаҳои имтиҳонҳои санҷишӣ барои интиқоли таҳсил аз донишгоҳҳои хориҷӣ ва ғайридавлатӣ эълон гардид

    Таълим 13 Avgust 2025 1820

    18–19 август имтиҳонҳои санҷишӣ барои донишҷӯёне баргузор мегарданд, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, инчунин аз донишгоҳҳои хориҷӣ ва ғайридавлатии дар ҳудуди Ӯзбекистон ҷойгиршуда ба донишгоҳҳои давлатӣ интиқол меёбанд.

    Тавре ки Агентии баҳодиҳии дониш ва малакаҳо хабар медиҳад, имтиҳонҳои санҷишӣ дар ду навбат ташкил карда мешаванд:

    · навбати якум — аз соати 08:00 то 11:00;

    · навбати дуюм — аз соати 15:00 то 18:00.

    Имтиҳонҳои санҷишӣ аз рӯи 2 фанни ихтисосӣ ва 3 фанни ҳатмӣ гузаронда хоҳанд шуд.

    Ба довталабон барои ҳар як аз фанҳои ихтисосӣ 30 саволи тестӣ ва барои ҳар як аз фанҳои ҳатмӣ 10 саволи тестӣ пешниҳод мегардад. Ҳамагӣ 90 саволи тестӣ хоҳад буд.

    Барои иҷрои супоришҳо, пур кардани ҷавобҳо ва гузаронидани онҳо ба варақаи ҷавобҳо 3 соат вақт дода мешавад.

    Барои иштирок дар имтиҳонҳои санҷишӣ довталабон метавонанд гузарнома (пропуск)-ро аз сомонаи Агентии баҳодиҳии дониш ва малакаҳо — my.uzbmb.uz дастрас намоянд.

    Довталабон бояд дар вақти дақиқе, ки дар гузарнома зикр шудааст, бо худ шиноснома (корти ID) ва гузарнома дошта, ба биное, ки имтиҳон дар он баргузор мегардад, ҳозир шаванд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates