Натиҷаҳои пешакии интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд

    Интихоботи 10 Iyul 2023 16802

    Комиссияи марказии интихоботӣ рӯзи душанбе, 10 июл дар нишасти хабарӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро эълон кард. Тибқи иттилои КМИ, 87,05 дарсади интихобкунандагон ба ҷонибдории Шавкат Мирзиёев овоз додаанд.

    “Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи қонунгузории миллии интихоботӣ, меъёру андозаҳои байналмилалӣ, принсипҳои умумэътирофшудаи демократӣ, аз қабили ошкорбаёнӣ, шаффофият, озодӣ ва адолат баргузор гардид, – таъкид кард Раиси КМИ Зайниддин Низомхоҷаев.

    Натиҷаҳои пешакӣ чунинанд:

    номзади аз ӮзЛиДеП Шавкат Мирзиёев – 87,05 фоиз;

    номзади ҲСДӮ «Адолат» Робахон Маҳмудова – 4,43 фоиз;

    номзади ҲХДӮ Улуғбек Иноятов – 4,02 фоиз;

    номзад аз Ҳизби экологии Ӯзбекистон Абдушукур Ҳамзаев – 3,74 фоиз.

    Мувофиқи Кодекси интихоботии кишвар, номзаде, ки беш аз нисфи овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокдошта, яъне беш аз 50 дарсади овозҳоро ба даст овардааст, Президенти интихобшуда ҳисобида мешавад.

    Ҳамин тариқ, номзад аз ӮзЛиДеП Шавкат Мирзиёев, ки аз ҳама бештар – 87,05 дарсади овозҳоро ба даст овард, дар интихоботи пеш аз муҳлат дилпурона пирӯз шуд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates