27 октябри соли 2024 дар Ўзбекистон ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ интихобот баргузор мегарданд

    Интихоботи 26 Iyul 2024 5882

    Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон, ки имрӯз, 26 июл баргузор шуд, Олий Маҷлис доир ба интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузорӣ ва вакилони Шӯроҳои маҳаллӣ як қатор қарорҳо қабул кард.

    Чӣ хеле ки хидмати матбуоти Комиссияи марказии интихоботӣ хабар медиҳад, мувофиқи моддаи 128-уми Конститутсияи Ӯзбекистон интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии минтақаҳо, ҳавзаҳо, шаҳрҳо дар соли ба охир расидани мӯҳлати конститутсионии онҳо — дар якшанбеи якуми даҳрӯзаи сеюми моҳи октябр гузаронда мешаванд.

    Ҳамин тариқ, интихоботи депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ рӯзи якшанбе, 27 октябри соли 2024 баргузор мегардад.

    Аз имрӯз, 26 июл, маъракаи интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ оғоз шуд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates