Ҳайати КМИ Ӯзбекистон ба ҳайси нозири байналмилалӣ дар интихоботи парлумонии Ҳиндустон ширкат кард

    Интихоботи 10 May 2024 5843

    Ҳайати Ӯзбекистон таҳти раҳбарии муовини раиси Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон Баҳром Қӯчқоров дар интихоботи порлумонӣ дар ин кишвар ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ширкат кард.

    Тавре қаблан хабар дода шуда буд, интихоботи парлумонии Ҳиндустон, ки 19 апрел оғоз шуда, 1 июн ба охир мерасад, тӯлонитарин рӯйдоди сиёсии ҷаҳон хоҳад шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Ҳиндустон -- демократияи парлумонӣ ва сераҳолитарин кишвари ҷаҳон аст. Мӯҳлати феълии палатаи поёнии парлумони дорои 543 ҷой 16 июн ба охир мерасад. То ин вақт бояд таркиби нави Лок Сабҳи таъсис дода шавад ва номи Сарвазир, ки ҳукуматро барои панҷ соли оянда раҳбарӣ мекунад, эълон шавад.

    Овоздиҳӣ дар 28 иёлот ва 8 қаламравҳои иттифоқӣ ба таври марҳала ҷараён дорад ва интизор меравад, ки шумурдани овозҳо 4 июн ба анҷом расад. Дар интихобот қариб 968 миллион нафар интихобкунандагон иштирок мекунанд.

    Аъзои ҳайати вакилони Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон дар чорабиниҳое, ки Комиссияи интихоботии Ҳиндустон дар Деҳлӣ ташкил кардааст, иштирок намуданд. Баъд аз ин намояндагони мамлакати мо ба чанд участкаи интихоботии штати Уттар-Прадеш рафта, бо шароите, ки барои интихобкунандагон ҷиҳати ба амал баровардани ҳуқуқҳои конститутсионии худ фароҳам оварда шудаанд, бо технологияи пешқадам, ки дар рафти овоздиҳӣ ҷорӣ карда шудаанд, шинос шуданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates