Ба иттилои нашрия, чор вируси фаъолона тағйирёбанда (мутаҳаввил) ҳамчун номзадҳои асосии ангезандаи ин таҳдиди эҳтимолӣ баррасӣ мешаванд. Ба онҳо дохил мешаванд:

Mpox (оспаи маймун):

Пас аз хуруҷи ҷаҳонӣ дар соли 2022, вируси Mpox дар саросари ҷаҳон паҳн шуда, ҳамоно паҳншавиро идома медиҳад ва штаммҳои навро инкишоф медиҳад.

Краснуха (Rubella):

Бо сабаби коҳиш ёфтани фарогирии эмгузаронии MMR, бемории краснуха, ки қаблан қариб решакан шуда буд, хатари бозгашт дорад. Ин раванд аллакай бо афзоиши ҳолатҳои бемории сурхакон (кор) мушоҳида мешавад.

Зукоми парранда (H5N1):

Штамми хатарноки зукоми парранда H5N1 аз соли 2020 инҷониб фаъолона тағйир меёбад ва қобилияти сироят кардани ширхӯронро пайдо мекунад. Олимон метарсанд, ки он метавонад ба интиқоли самаранок аз инсон ба инсон мутобиқ шавад.

Вируси Оропуче:

Вируси Оропуче, ки тавассути ҳашароти майдаи хунмак (мокрецҳо) интиқол меёбад, доираи ҷуғрофии худро аз Амрикои Ҷанубӣ то Аврупо васеъ мекунад. Аломатҳои он ба таби денге монанд буда, қобилияти баланди паҳншавии зуд дорад.

Мутахассисон, аз ҷумла олимони Донишгоҳи Саутгемптон ва Донишгоҳи Глазго, ҳушдор медиҳанд, ки ҷаҳон, бахусус кишварҳои аврупоӣ, то ҳол ба пандемияҳои ба COVID-19 монанд ба қадри кофӣ омода нестанд, хабар медиҳад life.ru.