Дар кишвари мо лоиҳаҳои зиёди бузург дар соҳаҳои саноат, энергетика, инфрасохтор ва хидматрасонӣ амалӣ мегарданд. Дар ҳар як минтақа маҷмааҳои нави манзилӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин марказҳои сайёҳӣ ва фарҳангӣ бунёд мешаванд.

Натиҷаи навбатии чунин корҳои бузурги созанда ва меҳнати фидокоронаи мардуми бунёдкори мо фабрикаи ғанигардонии мис №3 гардид, ки барои рушди саноати ватанӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Ин лоиҳа бо арзиши 2,7 миллиард доллар, ки дар масоҳати 196 гектар дар доираи барномаи азхудкунии кони «Ёшлик-1» амалӣ мешавад, танҳо як корхона набуда, балки комплекси муосири саноатӣ мебошад, ки иқтидори саноатии кишварро боз ҳам тақвият дода, барои коркарди амиқи захираҳои табиии мамлакат хизмат хоҳад кард.

Заводе, ки қодир аст дар як сол 60 миллион тонна маъдан коркард намуда, тақрибан 900 ҳазор тонна консентрати мис истеҳсол кунад, на танҳо яке аз калонтарин истеҳсолкунандагони мис дар Осиёи Марказӣ мебошад, балки ба қатори бузургтарин фабрикаҳои ғанигардонии ҷаҳон низ дохил мешавад.

Барои амалӣ намудани лоиҳа дар сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ чунин ширкатҳо: Wood аз Италия ва Worley Parsons аз Британияи Кабир ҷалб карда шуданд. Дар фабрика технологияҳои ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ — Metso, FLSmidth, Weir Minerals ва Siemens ҷорӣ карда шудаанд.

Ин лоиҳа ҳамчунин ба рушди соҳаҳои ҳамҷавор дар минтақа такони қавӣ бахшид. Ҳаҷми конструксияҳои металлии дар сохтмон истифодашуда барои сохтани 10 манораи Эйфел кофӣ аст, ва бетони оҳанин барои сохтани тақрибан 2,5 манораи Бурҷи Халифа мерасад. Ин боз як бор нишон медиҳад, ки завод мегалоиҳа мебошад.

Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» дар ҳудуди завод корҳои васеи кабудизоркунӣ ва ободонӣ анҷом дода мешаванд. Системаҳои обёрии қатрагӣ ва қарорҳои экологии тарроҳӣ барои нигоҳ доштани тавозуни байни саноат ва табиат пешбинӣ шудаанд.

Дар суханронии худ Президент натиҷаҳои ислоҳоти солҳои охири саноати кӯҳро қайд намуда, инчунин нақшаҳои ояндаро муайян кард.

Ба шарофати таъсиси низоми шаффофи додани конҳо ба сармоягузорон, дар давоми нуҳ сол 10 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд. Имрӯз дар ин соҳа 65 корхонаи хусусӣ фаъолият доранд.

Дар натиҷа истеҳсолот дар ин соҳа 1,7 баробар зиёд шуда, соли гузашта ба 270 триллион сӯм расид. Ба ин соҳа чоряки ҳаҷми умумии саноат ва даромадҳои буҷет рост меояд. Қобили зикр аст, ки маҳз дар корхонаҳои ин соҳа шумораи зиёди ҷойҳои кори сердаромад низ ташкил карда мешаванд.

Қайд гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳим омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ мебошад.

Аз ҷумла: дар Олмалиқ филиали Донишкадаи пӯлод ва хӯлаҳои Москва (МИСиС), Донишкадаи давлатии техникии Олмалиқ,  Донишгоҳи илмҳои геологӣ дар Тошканд (дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи геологии Ухан), филиали Донишгоҳи Пиза (Италия) таъсис ёфтааст.

Инчунин Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ-технологии Навоӣ барномаҳои муштаракро бо донишгоҳҳои бонуфузи Русия, Канада, ИМА, Фаронса ва Чили оғоз кардааст.

Ба шарофати ин, агар пештар металлҳои қиматбаҳо ва ранга асосан дар шакли хом содир мешуданд, имрӯз дар кишвари мо 100 ҳазор тонна мис коркард карда шуда, маҳсулоти дорои арзиши иловагии баланд истеҳсол мегардад. Дар муддати кӯтоҳ ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи заргарӣ 3,3 баробар зиёд шуда, аз 13 триллион сӯм гузаштааст.

Президент қайд намуд, ки бо дарназардошти лоиҳаҳое, ки аллакай имсол ба истифода дода мешаванд, иқтидори коркарди амиқи мис ба 240 ҳазор тонна мерасад. Ин нишондиҳандаҳо дар оянда низ бо татбиқи лоиҳаҳои нав, ки барои ду-се соли наздик пешбинӣ шудаанд, боз ҳам афзоиш хоҳанд ёфт.

Таъкид гардид, ки мис ашёи хоми стратегӣ барои саноат, энергетика, электротехника, иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, рушди “сабз” гардид.

 – Касе, ки занҷири арзиши иловагии баландро дар соҳаи мис ташкил мекунад, асоси саноати ояндаро мегузорад. Давлате, ки инфрасохтори устувори коркарди амиқи ин ашёи хомро фароҳам меорад, ба ҳазорҳо оила даромад, ба минтақаҳо рушд ва ба давлат қудрат меорад. Аз ҳамин сабаб мо аз рӯзҳои аввали ислоҳот ба корҳои геологӣ-иктишофӣ диққати махсус додем, то захираҳои мавҷударо муайян намуда, имкониятҳои истифодаи онҳоро арзёбӣ кунем, – гуфт Сарвари давлатамон.

Танҳо дар ҳамин сол дар кони «Ёшлик-1» 20 миллион тонна маъдан истихроҷ карда мешавад. Дар ду соли наздик ин рақам ба 60 миллион тонна мерасад.

Умуман қайд гардид, ки дар конҳои «Ёшлик-1» ва «Калмақир» захираҳои 45 миллион тонна мис ва зиёда аз 5 ҳазор тонна тилло мавҷуданд, ки ин соҳаҳоро ҳадди ақал барои 100 сол бо ашёи хом таъмин мекунанд. Металлҳои нодир ба монанди молибден, селен, теллур ва рений, ки дар ин маъданҳо мавҷуданд, барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар самтҳои нав заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.

Пас аз ба иқтидори пурра баромадани фабрикаи ғанигардонии мис №3, ҳаҷми рӯзонаи истеҳсоли консентрати мис дар комбинати Олмалиқ аз 2,4 ҳазор тонна ба 5 ҳазор тонна мерасад. Ҳамзамон, дар доираи ин лоиҳа зиёда аз 6 ҳазор ҷавонон соҳиби ҷойҳои кори сердаромад мешаванд.

Дар завод технологияҳои пешрафтаи саноати кӯҳӣ аз ИМА, Олмон, Русия, Чин ва Финландия ҷорӣ мегарданд. Ҳама равандҳои технологӣ рақамӣ шуда, ба низоми ягонаи идоракунӣ дар асоси зеҳни сунъӣ пайваст карда мешаванд. Ба туфайли ин, истеъмоли энергия 10 фоиз кам мешавад, арзиши аслӣ 15 фоиз коҳиш меёбад, ҳосилнокии меҳнат 10 фоиз зиёд мешавад.

Ғайр аз ин, корҳои сохтмони заводи нави гудозиши мис бо арзиши 2,5 миллиард доллар оғоз гардидаанд.

Қайд гардид, ки ба шарофати ин ду иқтидори бузург ҳаҷми солонаи  истеҳсоли катодҳои мис аз 148,5 ҳазор тонна ба 300 ҳазор тонна мерасад, тилло аз 20 тонна ба 33 тонна, нуқра аз 161 тонна ба 203 тонна, молибден аз 850 тонна ба 1,7 ҳазор тонна зиёд мешавад. Ҳамзамон истеҳсоли кислотаи сулфат, ки барои истихроҷи уран ва саноати химия муҳим аст, се баробар зиёд мегардад.

Президент қайд кард, ки корҳои пешазлоиҳавӣ барои фабрикаи ғанигардонии мис №4 бо суръати баланд идома доранд, ки имкон медиҳад ин нишондиҳандаҳо 1,5 баробар зиёд гарданд.

Ӯзбекистон ният дорад то соли 2030 истеҳсоли тиллоро то 175 тонна, нуқраро то 500 тонна, уранро то 15 ҳазор тонна, мисро то 500 ҳазор тонна расонад.

Дар доираи лоиҳаҳои арзишашон 22 миллиард доллар, тақрибан 40 ҳазор ҷойи кори сердаромад таъсис дода мешаванд, ки барои ҷавонони кишвар имкониятҳои калон фароҳам меорад.

Сарвари давлат ба ҳамаи коргароне, ки дар сохтмони завод фаъолона иштирок карданд, бинокорон ва механикҳо, муҳандисон ва технологҳо, геологҳо ва кончиён, собиқадорони меҳнат, ки таҷриба ва маҳорати касбии худро бо ҷавонон баҳам диданд, инчунин шарикони хориҷие, ки дар ин лоиҳа саҳм гузоштанд, изҳори сипоси амиқ кард. Ба дастаи нави корхона дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳои бузург орзу кард.

Дар идома мулоқот бо коргарони завод, собиқадорони меҳнат ва устодону профессорҳо баргузор гардид.

Дар анҷоми маросим Сарвари давлатамон тугмаи рамзиро пахш намуда, ба фаъолияти фабрика расман оғоз бахшид.