Барои саҳми шахсаш дар барқарор ва амиқ намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Фаронса, хизматҳои махсусаш дар рушди муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории байнидавлатӣ, татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, туризм, илм ва техника, дастгирии фаъолонаи ташаббусҳои глобалӣ ва минтақавии кишвари мо, инчунин кӯшишҳои амалаш баҳри таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ байни халқҳои мо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум Орелия Бушез бо ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. Мирзиёев