Тавре ки хадамоти матбуоти Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон хабар медиҳад, қаллобон аз технологияҳои ивазкунии рақам истифода мебаранд. Ба ҳамин сабаб, дар экрани телефон метавонад рақами ҳар гуна кишвар нишон дода шавад, дар ҳоле ки манбаи аслии занг пинҳон мемонад. Азбаски зангҳо тавассути интернет анҷом мешаванд ва рақам пешакӣ сохтакорӣ мешавад, барои операторони мобилӣ муайян кардани манбаи воқеии занг хеле душвор аст.

Илова бар ин, чунин рақамҳо одатан дар пойгоҳҳои махсуси маълумотӣ сабт нашудаанд. Ин нишон медиҳад, ки сухан дар бораи SIM-кортҳои воқеӣ не, балки рақамҳои муваққатӣ ва виртуалӣ меравад.

Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки чунин зангҳо якчанд хатар доранд. Аввалан, агар шумо ба рақами хориҷӣ боз занг занед, мумкин аст маблағ аз ҳисоби телефони шумо ситонида шавад. Дуюм, қаллобон аксар вақт худро кормандони бонкҳо, идораҳои давлатӣ ё ташкилотҳои дигар муаррифӣ намуда, кӯшиш мекунанд маълумоти шахсӣ, реквизитҳои кортҳои бонкӣ ва рамзҳои тасдиқро ба даст оранд.

Ҳатто ҷавоб додан ба чунин занг метавонад хатарнок бошад: қаллобон мефаҳманд, ки рақам фаъол аст ва баъдтар кӯшишҳои фиреб зиёд мешаванд. Ғайр аз ин, овози шумо сабт шуда, дар оянда бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ барои сохтани паёмҳои қалбакии овозӣ истифода гардад, то хешу табор ё шиносони шуморо фиреб диҳанд.

Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад: ба зангҳои рақамҳои ношинос ва шубҳаноки хориҷӣ ҷавоб надиҳанд, ба чунин рақамҳо боз занг назананд, фавран онҳоро маҳкам (блок) кунанд, дар ҳеҷ ҳолат маълумоти шахсӣ, маълумоти бонкӣ ва рамзҳоро ба шахсони бегона надиҳанд.

Ин чораҳо ба ҳифзи маблағ ва маълумоти шахсии шумо аз киберқаллобон мусоидат мекунанд.