Ба омӯзгорон ва мураббиёни Ӯзбекистон

    Ҳукумат 29 Sentabr 2021 7323

    Омӯзгорон ва мураббиёни азиз! Муҳтарам собиқадорони соҳа!

    Шумо, ҳамаи кормандони ба кори худ содиқи соҳаи таълиму тарбияро бо ҷашни умумихалқӣ -- Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён аз самими қалб сидқидилона муборакбод менамоям.

    Албатта, эҳтироми бузург ва таманниёти беҳтаринамонро, ки аз сидқи дил ба шумо, омӯзгорони меҳнатдӯст дар ин санаи муҳим ифода мекунем, бо сухан ифода кардан осон нест. Шумо, инсонҳои бузурги саховатманд ҳастед, ки фидокории ҳақиқӣ нишон дода, сарвати воқеан бебаҳо, мероси хомӯшнашаванда меофаред ва онҳоро ба мардуми мо, насли ҷавон мерасонед. Ин сарвати бузург донишу илм аст, ин мероси гаронбаҳо тарбияи хуб аст.

    Орзуҳои неки мо, миннатдорӣ ва иззату эҳтироми имрӯза, ки ба шумо зоҳир карда мешаванд, нишонаи эҳтироми беандозаи тамоми мардуми мо мебошанд.

    Ҳамватанони азиз!

    Дар солҳои охир дар кишвари мо низоми ягона ва доимии рушди илм, таълиму тарбия ба мақсади ба ин соҳа додани мақоми афзалиятноки сиёсати давлатӣ, таъмин кардани дастгирии ҳамаҷонибаи кӯдак дар оила аз лаҳзаи таваллуд то ба камол расидан, кӯмак расондан ба ӯ дар ҷойи сазовор пайдо кардан дар зиндагӣ низоми ягона ва бефосила фароҳам оварда мешавад.

    Дар доираи ин раванд, мо барномаву лоиҳаҳои муҳимро, ки ба минбаъд пурзӯр гардондани таваҷҷӯҳ ба сармояи инсонӣ нигаронда шудааст, татбиқ менамоем ва барои ин тамоми имкониятҳоро сафарбар мекунем. Пас, агар панҷ сол пеш дар ҷумҳурӣ 5211 кӯдакистон бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 19316 расидааст, фарогирӣ бо муассисаҳои томактабӣ 62 фоиз ва дар байни кӯдакони 6-сола 77 фоизро ташкил медиҳад.

    Дар кишвар муассисаҳои таълимии типи нав ва сатҳи сифатан нав, аз ҷумла, мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсус фаъолият нишон

    медиҳанд. Қобили зикр аст, ки айни замон 112 мактаби махсус дар самти математика, 14 физика, 87 кимиё ва биология, 99 информатика ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ 207 мактаби махсусгардонидашуда таъсис дода шудаанд.

    Дар соҳаи таълими олӣ ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардонда мешаванд. Дар тӯли панҷ соли охир дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи хориҷи кишвар 67 донишгоҳ, донишкада ва филиалҳои нав таъсис дода, шумораи умумии онҳо ба 144 расонида шуда, фарогирии онҳо 3 маротиба -- аз 9% то 28% афзоиш ёфтааст.

    Донишгоҳи “Ӯзбекистони Нав”, ки дар соли таҳсили имсола мувофиқи талаботу андозаҳои замонавӣ сохта шудааст, аввалин донишҷӯёни худро қабул кард.

    Дар рафти чунин навсозӣ муносибати омӯзгорон ва мураббиён ба кор, ҳаёт ба куллӣ тағйир меёбад, масъулияти онҳо меафзояд, онҳо дар ҷустуҷӯи доимӣ ҳастанд, ба чизҳои нав мекӯшанд, технологияҳо ва усулҳои пешқадами педагогиро азхуд мекунанд, ки бешубҳа аҳамияти ҳалкунанда дорад.

    Ҳамватанони азиз!

    Ҳамаи мо мебинем, ки замони босуръат тағйирёбандаи имрӯза дар назди мо чӣ гуна вазифаҳои мураккаб мегузорад. Барои ҳалли онҳо ва расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, рақобат кардан дар арсаи ҷаҳон, мо бояд, образнок карда гӯем, халқ, хусусан ҷавононро бо дастовардҳои пешрафтаи соҳаи илм, маънавият ва маърифат муҷаҳҳаз гардонем.

    Бо мақсади навсозии моҳият ва мундариҷаи соҳаи маориф бо ҷалби олимони кишварамон, омӯзгорони ботаҷриба ва коршиносони хориҷӣ Барномаи миллии таълимӣ таҳия ва тадриҷан ҷорӣ карда мешавад.

    Натиҷаҳои аввал дар офаридани китобҳои дарсии муосир ба даст омадаанд ва имсол бори аввал беш аз як миллион хонандагони синфҳои ибтидоӣ аллакай бо китобҳои нави таълимӣ таҳсил мекунанд.

    Имрӯз мо бояд корҳои оиди ба дараҷаи сифатан нав бардоштани низоми таълими олӣ, рафъи мушкилоти дар соҳа мавҷуд, ба марказҳои бузурги таълим ва илм табдил додани мактабҳои олиамон оғознамударо бо суръати баланд идома диҳем.

    Вазифаи дигари хеле муҳими соҳаи маориф ташаккул додани насли ҷавони дорои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, ки қодир аст ҳифзи манфиатҳои Ватан ва халқро ҳимоя намояд, соҳиби тафаккури васеъ ва муосир мебошад. Ба ин муносибат, ба фикрам, зарурати объективии таҳия ва дар амал ҷорӣ намудани Консепсияи тартиб ва тамоюлҳои таълими фанҳои иҷтимоӣ дар низоми таълими бефосила фаро расидааст.

    Муҳтарам омӯзгорон ва мураббиён!

    Дар ҷомеаи мо, мураббиёни кӯдакистонҳо, омӯзгорони мактабҳо, профессорҳо ва омӯзгорони мактабҳои олӣ, зиёиёни илмӣ ва эҷодӣ -- ҳамчун чаҳор рукни мустаҳками Эҳёи Сеюм, ки мо имрӯз ба он саъй менамоем, эътироф мегарданд. Бо назардошти ин, мо, албатта, дар сатҳи боз ҳам баландтар барои баланд бардоштани обрӯ ва мақоми омӯзгорон ва мураббиён дар ҷомеа, ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии меҳнати душвор ва шарафноки онҳо корро идома хоҳем дод.

    Бори дигар шуморо, азизонам, бо иди фархунда муборакбод менамоям.

    Ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ, дар корҳои шоистаатон комёбиҳои бузург, ба хонадонатон файзу баракоту шукуфоӣ орзумандам, устодони азиз!

    Шавкат Мирзиёев
    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates