Сатҳи кунунии шарикии стратегии Ӯзбекистону Амрико, инчунин саҳми арзандаи палата дар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории байни кишварҳоямон таъкид гардид.
Ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ мунтазам меафзояд, лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, мошинсозӣ, саноати хӯрокворӣ ва ғайра бомуваффақият амалӣ мешаванд.
Кэролин Лэмм аз номи доираҳои тиҷоратии ИМА ба сарвари давлатамон барои таваҷҷуҳи шахсӣ ва дастгирии ҳаматарафа ба ҳамкории иқтисодии ду мамлакат самимона миннатдорӣ баён кард.
Нақшаҳои мушаххаси тиҷорати амрикоӣ оид ба васеъ гардондани фаъолияти худ дар Ӯзбекистон, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами воситаҳои молиявӣ ва механизмҳо, инчунин татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ шуданд.
Дар бораи соли ҷорӣ баргузор намудани форуми тиҷоратӣ дар Тошканд бо иштироки ширкатҳои пешрафта ва бонкҳои ИМА тавофуқ ҳосил шуд.