Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар доираи татбиқи созишу тавофуқоте, ки дар ҷараёни сафари сатҳи баланд ба Брюссел дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ гардиданд.

Намояндагони ИА паёми самимонаи Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйенро ба роҳбари Ӯзбекистон расониданд.

Роҳбари Ӯзбекистон комиссарҳои аврупоиро барои баргузории бомуваффақияти Форуми сеюми иқтисодии «Осиёи Марказӣ – ИА» ва Форуми сармоягузорон оид ба долони Транскаспий ва робитаҳои нақлиётӣ дар Тошканд табрик гуфт, ки дар натиҷаи онҳо як қатор лоиҳаҳои нави муштараки минтақавӣ ба роҳ монда шуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Аврупо босуръат рушд карда, рӯзномаи нави ҳаматарафаи ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба ташаккул меёбад.

Имсол Созишномаи ҳамкорӣ ва шарикии васеъ (СРПС) бо Иттиҳоди Аврупо ба имзо расида, ҳамоишҳо дар Самарқанд ва Брюссел баргузор шуданд ва музокирот бо ИА оид ба масъалаи узвияти Ӯзбекистон дар СУТ ба анҷом расид.

Аз аввали сол гардиши мол тақрибан 7 фоиз афзоиш ёфт. Таъкид шуд, ки татбиқи амалии СРПС ба афзоиши чандкаратаи ҳаҷми савдо ва ҷалби сармоя мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин аҳамияти такмили минбаъдаи механизмҳои институционалии ҳамкорӣ барои густариш ва диверсификатсияи номгӯи савдо, таҳияи лоиҳаҳои нави муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои кооператсияи саноатӣ, нақлиёт, рақамисозӣ, минералҳои муҳим, энергетика, тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таъкид гардид.

Инчунин оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.