Дар оғоз сӯҳбат Президенти ФИФА боз як бор сарфарозона роҳбар ва мардуми Ӯзбекистонро ба муносибати рӯйдоди таърихӣ – роҳ ёфтани дастаи миллии кишвар ба марҳилаи ниҳоии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки соли 2026 дар ИМА баргузор мегардад, самимона табрик гуфт. Таъкид шуд, ки ин дастоварди шоиста натиҷаи амалии ислоҳоти самарабахш, таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи рушди варзиш дар кишварамон мебошад.

Масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии судмандии Ӯзбекистон бо ин сохтори бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи идомаи тағйироти куллӣ дар низоми ташкилию идоракунии футбол, мусоидат дар ошкор сохтани истеъдодҳои ҷавон, омода кардани мураббиён, доварон, менеҷерон, табибони варзишӣ ва мутахассисони техникӣ дар сатҳи байналмилалӣ мерафт.

Бо қаноатмандии зиёд қайд гардид, ки ҳамкории зич дар иҷрои барномаҳои муштараки оммавӣ гардондани футбол, махсусан миёни ҷавонон, идома дорад.

Бо кӯмаки техникии ФИФА Маркази миллии замонавии футбол таъсис дода шуд, ки маркази ситуатсионии футболи рақамӣ бо ҳалли инноватсионӣ низ ба он дохил мегардад.

Соли гузашта дар кишвари мо чемпионати ҷаҳон оид ба футзал бо муваффақият баргузор гардид.

Ба масъалаи ташкил намудани мусобиқаҳо ва чорабиниҳои бузурги ФИФА дар Ӯзбекистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҳамчунин, созиш ҳосил шуд, ки дар шаҳри Тошканд дафтари минтақавии ФИФА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ифтитоҳ гардад.

Дар анҷоми мулоқот, барои саҳми шахсӣ дар рушди футбол ва пешбурди он дар арсаи байналмилалӣ, Президенти Ӯзбекистон ба роҳбари ФИФА Ҷанни Инфантино ордени олии давлатӣ – «Дӯстлик»-ро супурд.