Дар оғози музокирот меҳмони баландпоя паёми шодбошӣ ва беҳтарин таманниёти Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Бангаро ба Сарвари давлати мо расонд, ҳамчунин бо муваффақона баргузор шудани форуми байналмилалии «Аз камбизоатӣ то шукуфоӣ» табрик намуд.

Зимни мулоқот масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории стратегӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама дар самти мубориза бо камбизоатӣ -- ҳадафи аввали Рӯзномаи рушди устувор баррасӣ гардиданд.

Бо қаноатмандии зиёд таъкид шуд, ки сатҳи ҳамкориҳои амалӣ бо ин муассисаи молиявии глобалӣ ба дараҷаи баландтарин расидааст. Барномаи кишварӣ бомуваффақият амалӣ мегардад. Ӯзбекистон яке аз шарикони пешбари Бонк дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми лоиҳаҳои амалкунанда аз 14 миллиард доллар зиёд аст.

Бо дастгирии фаъоли Бонки ҷаҳонӣ методологияи муайян кардани сатҳи камбизоатӣ таҳия шудааст. Айни ҳол якҷо бо коршиносони Бонк ташхиси нишондиҳандаҳои камбизоатӣ ва баробарӣ дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад.

Пешниҳод гардид, ки дар доираи татбиқи барномаи «Аз камбизоатӣ то шукуфоӣ» лоиҳаи муштарак таҳия шавад, ки чорабиниҳои амалӣ оид ба офаридани ҷойҳои корӣ барои занон ва ҷавонон, муосирсозии инфрасохтори иҷтимоии шаҳрҳо ва деҳот, рушди соҳаи сайёҳиро дар бар мегирад.

Ба пешбурди лоиҳаҳои бахши хусусӣ, таҳияи барномаҳои миёнамуддати рушд, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.